Formula novemver 2024
ОДОБИ ТОЗА КАРДАНИ ДАСТУРХОН ДАР РАМАЗОН
29.04.2021
Р. Азимӣ
1521


Нақл мекунанд, ки боре Муфтӣ Муҳаммадшафеъи Усмонӣ меҳмони Мавлоно Асғар Ҳусайн шуд. Баъди аз хӯрок хӯрдан фориғ шудан Усмонӣ хост, ки аз сари дастурхон бархезад.

Мавлоно Асғар пурсид, ки «чӣ кор карданиед?» Муфтӣ гуфт:-Мехоҳам нонрезаро дар гӯшае андозам.

Мавлоно Асғар пурсид:-Оё одоби таконидани дастурхонро медонед?

Муфтӣ хоҳиш намуд, ки худи ишон ҷавоб диҳанд.
Мавлоно гуфт:

-Тоза кардани дастурхон низ одоб дорад. Устухон, гӯшт ва нонрезаро алоҳида ҷамъоварӣ бояд кард. Бояд устухонро дар ҷое биандозӣ, ки саг бихӯрад. Пораи гӯшту равғанро дар ҷое гузорӣ, ки гурба бихӯрад ва нонрезаро дар ҷое резӣ, ки зери по набошад ва онро мӯрчаю парранда бихӯранд. Кӯшиш бояд кард то як зарра ризқи атокардаи илоҳӣ беҳуда зоеъ нашавад.

Баъзеҳо нонпораҳоро миёни дигар партовҳо ба партовҳо мерезанд, ки гуноҳ буда боиси бебаракатӣ мешавад. Касе ки ин ҳолатро бубинад, бояд нонпораҳоро гирифта ба ҷои баланде гузорад. Шайх Аттори Нишопуррӣ мефармоянд:

Резаи нонро маяфкан зери пой,
Гар ҳамехоҳӣ ту неъмат аз Худой.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД