Имрӯз мехоҳам қиссаеро нақл кунам, ки солҳои зиёд дар дилам нигоҳ дошта будам. Қиссае, ки танҳо дар бораи беморӣ нест. Ин қиссаи зиндагии ман, сабри ман, муборизаи ман ва се фарзанде аст, ки барои онҳо то имрӯз қавӣ монданро меомӯзам.
Се сол пеш, ҳангоми дарави гандум, ногаҳон дар пойҳоям дарде пайдо шуд. Он вақт дар хонаи хусуру хушдоманам зиндагӣ мекардем. Аз тарси он ки мабодо суханҳои носазо шунавам ё фикр кунанд, ки аз кор гурехтан мехоҳам, хомӯш мондам. Дардро таҳаммул кардам ва корамро идома додам.
Бо гузашти вақт дард бештар мешуд. Баъди як сол, вақте ба баҳонаи дидорбинии падару модарам омадам, ба духтур муроҷиат кардам. Баъди муоина гуфтанд:
- Эҳтиёт бошед, ҳоло чизи ҷиддӣ нест.
Бо умеди он ки ҳамааш мегузарад, боз ба зиндагии пештара баргаштам.
Аммо боз як соли дигар гузашт ва вазъият беҳтар не, балки бадтар шуд. Азбаски соле як маротиба ба назди падару модарам меомадам, имкони пайваста ба духтур муроҷиат кардан надоштам.
Ниҳоят маҷбур шудам ба хушдоманам бигӯям:
- Пойҳоям бисёр дард мекунанд. Дигар тавони кори саҳроро надорам.
Гуфтанд:
- Агар ҳамин хел бошад, ба духтур рав, бинем чӣ мегӯяд.
Аммо ҳанӯз аз назди духтур барнагашта будам, ки қариб тамоми ҳамсояҳо аз бемории ман бохабар шуда буданд: «Келин мегуфтааст, ки пойҳояш дард мекунад...», «Шояд аз кор гурехтан мехоҳад...».
Гапу овозаҳои мардум аз худи дард бештар маро азият медоданд.
Баъд аз чанд ташхис ва муроҷиатҳои зиёд, моҳи декабри соли 2024 ба мутахассиси бемориҳои пой муроҷиат намудам. Пас аз озмоишҳо духтур гуфт:
- Хоҳар, шумо ба норасоии шадиди витамини D3 гирифтор ҳастед.
Пурсидам:
- Нишондод чанд аст?
Гуфт:
- Дар шумо ҳамагӣ 7 аст, дар ҳоле ки меъёри миёна бояд аз 40 боло бошад.
Баъд аз рентген маълум шуд, ки ман ба артрози ҳарду пойи голеностопӣ гирифтор будаам.
Артроз бемории буғумҳост, ки дар натиҷаи он буғумҳо фарсуда шуда, инсон ҳангоми роҳгардӣ дард ҳис мекунад ва бо мурури вақт ҳаракат кардан барои ӯ душвор мегардад.
Он рӯз бо дили пур аз умед ба хона баргаштам.
Гуфтам:
- Духтур чунин ташхис гузошт. Оё мо имкони табобати ҷиддӣ дорем? Шояд дар беморхона бистарӣ шавам?
Ҷавоб кӯтоҳ буд:
- Не. Имконият надорем.
Баъд гуфт:
- Ман пул надорам. Ана 800 сомонӣ. Дар ҳамин ҳад ягон илоҷ ёб.
То имрӯз аз худ мепурсам: оё дар ин давру замон 800 сомонӣ барои табобати чунин беморӣ кифоя аст?
Бо вуҷуди ин кӯшиш кардам дар хона табобат гирам. Ду моҳи аввал дард камтар шуд, аммо баъд боз шиддат гирифт. Рӯз ба рӯз роҳгардӣ душвортар мешуд.
Дар ҳамон рӯзҳои вазнин, бо вуҷуди он ки шавҳар доштам, худро танҳо эҳсос мекардам. Оҳиста-оҳиста ҳис мекардам, ки баъзеҳо аллакай ба хулосе омадаанд: «Ин дигар чун пештара нест», «Роҳгардияш рӯз ба рӯз душвор мешавад», «Аз ин халос шудан лозим»...
(Давом дорад)
Лайлӣ ОДИЛӢ