Баъд аз он ҷанҷолҳои беасос зиёд шуданд. Суханҳое мешунидам, ки ҳаргиз интизор надоштам. Аммо аз ҳама вазнинтар рӯзе буд, ки духтари калониамро ғамгин дидам.
Гуфтам:
- Духтарам, барои чӣ нороҳатӣ?
Гуфт:
- Ҳеҷ чиз нест.
Аммо меҳри модарӣ маро ором нагузошт. Баъди суҳбати зиёд ниҳоят гирякунон гуфт:
- Намехостам болои ин қадар ғаму бемориат боз инро ҳам гӯям. Аммо маҷбурам...
Пурсидам:
- Чӣ шудааст?
Гуфт:
- Дадам гуфтанд: «Ба модарат гӯй, ба хонаи падару модараш равад. Ман чанд бор гуфтам, намеравад. Ту гӯй, шояд равад».
Он лаҳза эҳсос кардам, ки гӯё кӯҳе болои сарам фурӯ рехт. Аммо барои он ки дили духтарам бештар нашиканад, табассум кардам.
Гуфтам:
- Барои ҳамин ғамгин шудӣ? Зиқ нашав, духтарам. Ба фикрам шумо мехоҳед иди Қурбонро дар хонаи бобою бибиатон гузаронед. Майлаш, меравем.
Танҳо Худо медонад, ки он шабро чӣ гуна рӯз кардам. Бегоҳ ба падари фарзандонам гуфтам:
- То ид ду рӯз мондааст. Барои хариди ид меравем?
Гуфт:
- Не.
- Худат меравӣ? Рӯйхат медиҳам.
- Не. Намехарам.
- Ақаллан барои кӯдакон чизе бихар.
- Пул надорам.
- Моро ҳамроҳатон ба деҳа мебаред?
- Не.
- Пас мо чӣ кор кунем?
- Ман ба хонаи падару модарам меравам. Ту ҳам ба хонаи падару модарат рав.
Ҳамин тавр, 4-уми июни соли 2025 маро бо се фарзандам ба хонаи падару модарам раҳсипор намуд ва аз хонае, ки умеди дидани рӯзҳои хуш ва рӯзи шодии фарзандонро доштам, рафтам. Ва барои мо ҳамагӣ 250 сомонӣ дод, ки ман тӯли як сол шуда буд падару модарамро надида будам. Ба фикри шумо 250 сомонӣ барои чор нафар аз шаҳри Душанбе то Хуҷанд кофист?
Аз ҳама аламовар он буд, ки фардои ҳамон рӯз зодрӯзи духтарчаам буду иди саиди Қурбон ва мо бо як бераҳмӣ, қурбонии ин зиндагӣ гардидем.
Баъди ба хонаи падару модарам омадан ҳолати рӯҳии ман рӯз ба рӯз вазнинтар мешуд. Қариб як моҳ аз хӯрок мондам. Иштиҳо надоштам. Бо касе суҳбат кардан намехостам. Танҳо хобро интихоб мекардам, то шояд чанд соат аз фикрҳои сангин дур шавам.
Дар он рӯзҳо касе аз аҳволи ман хабар намегирифт. На аз ман ва на аз фарзандонам.
Ниҳоят аҳли хонадонам аз вазъи ман нигарон шуданд ва маро маҷбуран дар беморхона бистарӣ карданд. Ҳолати ҷисмониам бад шуда буд, аммо аз он ҳам бештар дилам реш-реш буд.
(Давом дорад)
Лайлӣ ОДИЛӢ