formula
Офатҳои табиӣ ҷони 8 касро рабуданду...
708


Обхезӣ, фармадани тарма, омадани сел, сангрезиш ва раъду барқ аз ҷумлаи офатҳои табиие ба шумор мераванд, ки натанҳо ба хоҷагии халқ хисороту зиён мерасонанд, балки ҳаёти одамиро низ зери хатар мегузоранд.

Ҳамасола дар натиҷаи чунин офатҳои табиӣ даҳҳо нафар одамон ҷони худро аз даст медиҳанд.
Тибқи иттиллои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, дар шаш моҳаи аввали соли ҷорӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

“Бар асари фаромадани тарма дар ҳудуди ноҳияи Шуғнони ВМКБ - 2 нафар ҷон бохтанд. Омадани сел дар шаҳри Турсунзода низ ҷони 2 инсонро рабуд. Резиши сангреза боиси марги 2 кас гашта боз 2 тани дигар бар асари раъду барқ ба ҳалокат расидаанд”-мегӯянд масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон.

Наҷотдиҳандагони Кумита ва сохторҳои наҷотдиҳии он дар шаш моҳи аввали соли равон 389 (2021 - 383) баромади фаврӣ-амалиётӣ анҷом дода дар натиҷа 65 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ наҷот дода шудаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳамин давраи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 299 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дошта ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 38 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо зиён расида, маблағи зарари расида 111 млн 42 ҳазору 500 сомониро ташкил дода буд. Соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ дар кишвари мо 22 нафар ба ҳалокат расида буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД