Commerce bank may-june 2026
Офтобзадагӣ ва роҳҳои табобати он
12.07.2026
Oila.tj
40

Яке аз бемориҳое, ки дар фасли тобистон аксарияти одамон ба он гирифтор мешаванд, офтобзадагӣ мебошад.

Офтобзадагӣ се дараҷа дорад. Нишонаҳои асосии офтобзадагии сабук дарди сар, заъфи аъзои бадан, дарди мушакҳо ва тез-тез тапидани дил мебошад. Дар ҳолатҳои миёна нишонаҳои иловагӣ, аз қабили дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва сустӣ пайдо шуда, шахси офтобзада метавонад аз ҳуш равад. Дар чунин ҳолат мариз ба кумаки ҳатмии тиббӣ ниёз дорад, махсусан агар гирифтори бемории фишорбаландии шараёнӣ, иллати дил ва рагҳои хунгарди он ё диабети қанд бошад. Офтобзадагиро табобат накардани шахсони ба бемориҳои дар боло зикршуда гирифтор метавонад хатарҳои ҷиддиро ба миён орад.

Дар сурати офтобзадагии шадид ҳарорати бадан то 40°C ва бештар аз ин баланд шуда, фишори хун паст мешавад, тарсу изтироб зиёд шуда, таппиши набз то 140 зарба дар як дақиқа мерасад ва нафаскашии мариз номунтазам гашта, метавонад ба сактаи дил ё мағзи сар гирифтор шавад.

Тавсияи муҳим

1. Кӯшиш кунед, ки ҳангоми авҷи фаъолияти офтоб, аз соати 11:00 то 15:00 бидуни зарурат ба кӯча набароед. Риояи ин қоида барои одамоне, ки бемориҳои дилу раг доранд, махсусан муҳим аст.

2. Дар фасли тобистон ҳатман кӯлоҳ пӯшед, он сарро аз таъсири гармо ҳифз мекунад.

Шахси офтобзадаро ҳатман ба назди духтур баред ё ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед, агар нишонаҳои офтобзадагии миёна ё шадид вуҷуд дошта бошанд. Фаромӯш накунед, ки таъхир намудан дар расонидани ёрии тиббӣ метавонад оқибатҳои нохушро ба бор оварад ва ҳатто мариз ҷони худро аз даст диҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД