Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таҳти унвони “Дастовардҳои олимони ҷавон дар рушди илми кишоварзӣ” конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар, дар кори конфронс намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намудаанд. Аз ҷумла, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Н. Муминзода низ дар ҳамоиш ширкат варзидааст.
Зимни конфронс таъкид гардидааст, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти илм ва маориф ба рушди ҷомеаи донишбунёд, таҳкими иқтидори илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос равона гардидааст. Ҳамчунин, саҳми олимони ҷавон дар рушди илм, инноватсия ва технологияи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ шудааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш олимону муҳаққиқони ҷавон доир ба истифодаи технологияҳои муосири кишоварзӣ, иқтисоди сабз, нуриҳои микробиологӣ ва дигар мавзуҳои соҳавӣ маърӯза намудаанд.
Дар анҷоми конфронс аз рӯи баромадҳо ва пешниҳодҳои иштирокдорон резолютсияи дахлдор қабул гардидааст.