Arzon march 2024
Қоидаи хӯрокхӯрӣ ҳангоми ҳомиладорӣ кадом аст?
663


Истеъмол кардани ғизоҳои гуногун ва серколория на танҳо барои саломатии зан, балки давоми нӯҳ моҳ барои бофтаи мушакҳо, узвҳои дохилӣ ва системаи асаби кӯдак ҳам муҳим аст.

Аз ҳамин хотир ҳар як модар бояд дар бораи ғизои дуруст, бештар кадом хӯрокҳоро хӯрдану аз кадом хӯрокҳо худдорӣ намудан маълумоти комил дошта бошад.

Манфиатҳои ғизои солим ба ҷанин

Ғизои зани ҳомиладор бояд аз витаминҳо, минералҳо ва тамоми микроэлементҳои зарурӣ бой бошад. Ин барои тилфи солим ба дунё оварданди зан зарур аст. Вақте ки модари ғизои солим истеъмол мекунад, ҳамроҳаки кӯдак фаъолона афзоиш ёфта, ғадудҳои ширӣ ба ширдиҳӣ омода мешаванд.

Чӣ тавр бояд ғизо хӯрд?

Занҳо метавонанд дар вақти ҳомиладорӣ хатогиҳои зиёде кунанд, махсусан бонувоне, ки бори аввал фарзандор мешаванд. Ба ҳар як модар зарур аст, ки қоидаҳо ва хусусиятҳои асосии ғизохӯриро ҳангоми ҳомиладорӣ донад ва риоя намояд.

Мунтазам бихӯред

 

Иштиҳои зани ҳомила ҳар лаҳза иваз мешавад. Духтурони занона тавсия медиҳанд, ки барои пешгирӣ кардани қабзият (запор), зардаҷуш ва дигар ҳолатҳои ногувор зани ҳомила реҷаи хӯрокхӯриро риоя намояд.
Иштиҳо набошад ҳам, бихӯр!

Гурусна гаштан ҳам ба зани ҳомила ва ҳам ба тифли батнаш зарар дорад. Умуман иштиҳо надошта бошад ҳам, зани бордор бояд дар вақти лозима ақаллан каме хӯрок хӯрад.

Ғизохӯрӣ реҷа дорад?

Ҳар нафаре, ки боре ҳомиладор шудааст, хуб медонад, ки гоҳо бар асари бордорӣ зан тез-тез гурусна мемонад ва эҳсоси гурӯснагӣ ӯро маҷбур мекунад, ки чизе бихӯрад. Аксаран ҳатто нисфи шаб зани ҳомила чизе, ки ёбад, ҳатто хӯрокҳои шабмондаро аз яхдон гирифта мехӯрад. Ин амал комилан хато аст. Хӯроки шабмонда зарар дорад, вале шабона хӯрдани ҷурғот ва йогурт барои рафъи гурӯснагӣ ёрӣ расонида, табъи касро болида мегардонад ва ба хоби бароҳати зани ҳомила мусоидат менамояд.

                      Бештар об бинӯшед
Ҷисми зани ҳомиладор пас аз хӯрдани ғизо ҳассосият нишон медиҳад. Агар зан хӯроки сахт ва равғанин хӯрад, эҳтимоли зиёди ба вуҷуд омадани қабзият ва нороҳатии меъда ба миён меояд. Барои нигоҳ доштани кори бонизоми узвҳои ҳозима бояд меъёри ғизо ва моеъгӣ риоя карда шавад. Зани ҳомиладор дар як шабонарӯз ҳадди ақал бояд 2300 мл об нӯшад. Компот ва шарбатҳои мевагӣ нӯшидан мумкин аст, вале аз нӯшокиҳои ширинии сунъидошта ва газнок бояд даст кашид.

Тезию шӯрӣ нахӯред!

Моҳҳои аввали ҳомиладорӣ дар зан хоҳиши хӯрдани хӯрокҳои шӯр ва тез пайдо мешавад, вале табибон тавсия медиҳанд, ки аз ғизои тезу тунд парҳез намоед. Тезию шӯрии зиёд метавонад баъзе иллату бемориҳоро дар зан афзоиш диҳад.

Меъёрҳои хӯрдани ғизо ҳангоми ҳомиладорӣ
Чанд меъёри хӯрдани ғизо вуҷуд дорад, ки зани ҳомиладор бояд барои саломатии худ ва тифлаш риоя намояд.

  1. Аз се то панҷ бор дар як рӯз хӯрок хӯрдан
    2. Ҳаҷми ғизоро қисман кам кардан
    3. Аз ҳад зиёд хӯрок нахӯрад, аммо кӯшиш кунад, аз хӯрданаш даст накашад.
    4. Хӯрокҳои гуногун ва фоидабахш истеъмол кардан.
    5. Бештар сабзӣ, буттамева, сабзавот ва меваҳои тару тоза хӯрдан.
    7. Номгӯи ғизои худро бо хӯрокҳои гӯштӣ, моҳӣ ва маҳсулоти ширӣ бой кунед.

Ҳар як модари оянда бояд дар хотир дошта бошад, ки ғизои дуруст ва тарзи ҳаёти солим дар давраи ҳомиладорӣ ниҳоят муҳим аст. Бо назардошти ҳамаи нозукиҳои дар боло зикршуда, шумо метавонед аз бисёр мушкилот дур монда, оромона ба таваллуди дарпешистода омодагӣ гиред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД