formula55
Оиладорӣ аз назари муаллима
11.03.2023
Mahina
2107

 Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» муаллимаи фанни «Маърифати оиладорӣ»-и МТМУ рақами92-и ноҳияи Сино Нурова Сабоҳат мебошанд. Саволи мо ба муаллима дар бораи муносибати хушдоман бо келину домод мебошад, зеро зиёданд оилаҳое, ки маҳз бо дахолати калонсолон вайрон мешаванд.

 Инсон хоҳ хурдсол бошад, хоҳ калонсол, шахсияти худаш барояш арзишманд аст. Ӯ мехоҳад ҳамвора мавриди эҳтироми дигарон қарор гирад. Шахсияти инсон дар муҳити хона, мактаб ва ҷаъмият нигоҳ дошта мешавад. Ин ҳифзи шахсият дар тамоми афроди ҷомеа мушоҳида мешавад.

Шахсиятталабӣ ҷузви зотии ҳар инсонест ва ҳама ба он пойбанд ҳастанд. Ана ҳамин қонунҳои нонавиштаи ҳаётро бояд ҳар кадоми мо риоя намоем. Вақте келин ба хонадони мо қадам мемонад, фаромӯш набояд кард, ки ӯ ба хотири фарзанди мо омадааст ва ӯро бояд баробари фарзандони хеш эщтиром кунем, дӯст дорем. Домод низ…

Чун хушдоманҳо таҷрибаи зиндагӣ доранд, бояд барои ба хонаводаи нав гарм шудани дили келину домод кӯшиш ба харҷ диҳанд. Духтардорон пеш аз он ки духтарашонро ба хонаи бахташ гусел мекунанд, дар қатори ҷиҳози арзанда ба гӯши фарзанди худ ҳалқа кунанд, ки ту бояд созандаи зиндагии худат бошӣ!

Хушбахтии ҳар кас аз худаш вобаста аст. Албатта ба хонадони нав одат кардан каме мушкилӣ дорад ва духтари худро ба сабру таҳаммул хондан лозим аст. Ба хотири як эроди хушдоман набояд бо ӯ ба ҷанг бархезем.

Баъзан арӯсон як монеи кӯчаки зиндагии худро пеши волидонашон фоҷиаи бузург нишон медиҳанд ва сар мешавад хафагӣ. Агар калонсолон бо насиҳату ҳарфҳои хуб фарзандонро дар зиндагӣ роҳбалад нагарданд, албатта оила вайрон мешавад.

Боиси хурсандист, ки чанд сол боз фанни «Маърифати оиладорӣ» боз дар барномаи таълимӣ ворид карда шуд ва мо ба насли наврас то метавонем нозукиҳои ҳаёти оиладориро меомӯзем. Мебинам, ки бачаҳо ба ин фан шавқ доранд, саволҳо медиҳанд, баҳсҳо меороянд, ин хеле хуб аст, вале сарчашмаи хушбахтиҳо ва рост рафтан дар шоҳроҳи ҳаёти мустақил аз оила сарчашма мегирад.

Волидайн, хоса модарон бояд аввал фарзандони худро ба оиладорӣ тайёр намуда, баъд хонадор кунанд. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки бояд духтар ба ҳаёти оилавӣ тайёр бошад, дар бори ҷавонписарон кам гап мезананд. Аммо ҷавонписарон ҳам бояд аввал касбу ҳунаре омӯхта, соҳиби ҷойи кор шуда, баъд хонадор шаванд, зеро таъмин намудани оилаи онҳо кори падару модар нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД