Arzon march 2024
ОХИРИН МУСОҲИБАИ ОШКОРОИ УБАЙДУЛЛОИ РАҶАБ БО "ОИЛА"
5615

Марги мармузи яке аз поягузорон ва устодони санъати театрии тоҷик-Убайдуллои Раҷаб аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ-ро андӯҳгин намуд. Ҳамчун рамзи эътиқод ва эҳтиром нисбат ба шахсияти ин марди наҷиб мо аз бойгонии сомона сӯҳбати ошкорои Тоҷинисои Азизро бо Убайдуллои Раҷаб манзуратон мегардонем.

Даричаи ошноӣ: 
Убайдулло Раҷабов 20-марти соли 1941 дар ноҳияи Кангурти вилояти Хатлон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ, дорандаи Ордени «Ситораи Президент». Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

 

Убайдулло Раҷабов дар санъати актёрии тоҷик мисли Офтоб аст. Ҳарчанд моҳу ситораҳо нурпошӣ мекунанд, офтоб равшанию сафои дигар дорад. Мактаби ҳунарии ин ҳунарманди нотакрор чандин насли санъатдӯстонро аз дараҷаи шогирдӣ то ба устодӣ расонидааст,вале дар бораи асрори ҳунари ин ҳунарманди наҷиб хеле кам гуфтаву навиштаанд. Овозаю ҳангомаҳо дар мавриди зиндагии пасипардагии Убайдулло Раҷабов хеле зиёданд, аз ин хотир, мо тасмим гирифтем, бо ин марди ҳунар суҳбати ошкоро доир намоем.

 

– Шумо, бешак, устоди ҳаҷвнигорони тоҷик ҳастед, аз ҳамин сабаб мехостем назаратонро нисбат ба ҳаҷв ва ҳаҷвнигорони имрӯза бигӯед. Магар ҳаҷви муосири тоҷик як андоза кӯчагӣ нашудааст?

 

 –Ҳаҷвнигорони имрӯзаро бад гуфта наметавонам, зеро ҳаминҳо ҳастанд, ки бори ин санъати душворро чӣ хел, ки набошад, кашида истодаанд. Ман ба онҳо офарин мегӯям. Дар масъалаи кӯчагӣ шудани ҳаҷв, сабабаш набудани нависандагони ҳаҷвнигор аст. Драматургҳои мо асарҳои аҷибу пурарзиши ҳаҷвӣ нанависанд, пас ҳунарманд чӣ кор кунад?!Ҳунармандони ҳаҷвнигор маҷбуранд, ки аз дидаву шунидаҳояшон, аз ҳаёти рӯзмарраи мардум саҳнаҳо эҷод намоянд.

 

–Пештар дар дарбори шоҳону амирон масхарабозҳое буданд, ки мардумро механдонданд. Магар ҳаҷви имрӯзаи мо ҳамон масхарабозу масхарабозиро ба ёд намеорад…? 

 

–Танҳо хандондани тамошобин, дар ҳақиқат, масхарабозӣ асту халос. Ҳаҷви асил 20-30 намуд мешавад ва ҳар кадомаш мазмуну услуби хосаи худро дорад. Ҳаҷвнигорони мо аксар вақт ҳамаашро омехта мекунанд. Ҳаҷви кӯчагӣҳаҷв нест. Ман, ки ҳаҷвнавис надорам ба саҳна намебароям! 

 

– Ҳаҷвнигорони дӯстдоштаи шумо?

 

–Аз ҳаҷвнигорони рус Аркадий Райкин, Евгений Петросян, Владимир Винокур, Максим Галкин, намоишномаи «Уральские пельмени»-ро меписандам. Аз ҳаҷвнигорони тоҷик Аловиддин Абдуллоев, Раҳмондӯсти Қурбониён, Қиёмиддини Чақал, Ҷумъахон Сироҷов, Ташриф Халилов, Муқимҷон Абдуфаттоев, Гулбаҳор Ғаффороваро.

 

-Мухлисон кайҳо боз ташнаи дидори Убайдуллои Раҷаб ҳасанд. Чаро шаби эҷодӣ намегузаронед?

 

–Ин орзуи деринаи ман аст, вале алҳол имконият нашуда истодааст. Дар ёд дошта бошед, соли 1987 бо унвони «УРБШДМ» (Убайдуллои Раҷаб ба шабнишинӣ даъват мекунад) дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон як вохӯрӣ доштам. Мехоҳам барои мардуми санъатдӯсти тоҷик барномаи аҷибу диданиеро пешкаш намоям, вале…

 

– Чаро ҳунармандони рус метавонанду мо наметавонем?

 

– Медонед, муҳити ҳунарии ҳунармандони рус дигар аст. Барои онҳо даҳҳо нависандаҳои ҳаҷвнигор ҳазорҳо саҳнаҳои ҳаҷвӣ менависанд ва ҳунармандон метавонанд беҳтаринҳояшро интихоб кунанд. Мо қариб ки нависандаи бо ҳаҷв машғул надорем. Шахсан ман бисёр мехоҳам ба тамоми ноҳияву вилоятҳои ҷумҳурӣ, ба сафарӣҳунарӣ равам ва дар як моҳ ақаллан се намоиши саҳнавӣ дошта бошам. Дилам мехоҳад аз сафар омада, як намоиш сабт кунаму боз ба сафар баромада, аз паи намоиши нав шавам. Орзу дорам, ки дар як нақш ҳафт нақшро бибозам, вале барои амалӣ шудани ин ниятҳо дастгирӣ лозим аст. Норасоии иқтисодӣ пойи моро занҷирбанд мекунад.

 

–«Оила»-ро бе сирру асрори оилавӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст.

 

– Ҳа, медонам, медонам, акнун ба саволҳои аҷибтаринатон мегузаред!

 

–Қурбони аҳли фаҳм шавем! Махфӣ набошад, бигӯед, ки ишқи аввалинатон кӣ буд? Манзурам он аст, ки ба ягон ҳампешаатон ошиқ шуда будед ё не?

 

– Ба ягон ҳунарпеша ошиқ нашудам! 

 

– Театр пур аз зебосанамҳост. Наход ягонтоашон дили шуморо набурда бошанд-а?!

 

– Ба ягон актриса ошиқ нашуданам сабаб дорад. 

 

– Хӯш, канӣ сабабашро фаҳмем…

 

– Дар ҳамин курра гудохта шуда будам ва дунёи ҳунармандонро хуб медонистам, аз ҳамин сабаб ягон бонуи ҳунармандеро ошиқона дӯст надоштам. Ишқи аввалину охирини ман модари фарзандонам аст.

 

– Янгаро падару модаратон таги чашм карда буданд?

 

– Не, дар сини 28 солагӣ, яъне соли 1969 Убайдулло Раҷабов бо донишҷӯи курси сеюми факултаи химияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон) Хосият Раҷабова бо ишқу муҳаббат хонадор шуд ва аз интихоби худ то кунун хурсанд аст.

 

– Ҳаҷвнигор дар химик чӣ ёфт?

 

– Ҳама чизи барои зистан заруриро! Магар дунёро бидуни химия тасаввур карда мешавад?! Ҳама чизҳое, ки моро иҳота кардаанд, самари ҳамин химия ҳастанд. (механдад) Воқеан, ман марди хушбахтам, ки маҳз бо ин бону шинос шудам ва чунин ҳамсар дорам. Медонед, ҳамсари ҳунарманд будан бисёр мушкил аст. Ман ба модари бачаҳоям ҳазорҳо офарин мегӯям, ки ҳамин қадар сол тоқат кардааст. 

 

– Кадом хислатҳои янга ба шумо писанд омаданд?

 

–Фурӯтанию пуртоқатӣ ва ҳалиму меҳрубон буданаш. Тамоми комёбӣ ва муваффақиятҳои эҷодии банда ба шарофати ҳамин зан аст. 

 

– Яъне, ишқи шумо то ҳол пир нашудааст?

 

– Пир нашудааст! Дӯсташ медоштам, дӯсташ медорам ва минбаъд ҳам дӯсташ медораму эҳтиромаш мекунам.

 

–Самари ин ишқ?

 

– Самари 45-солаи ҳаёти ширини мо чор фарзанду зиёда аз 10 набера аст. Духтарам Манижа–иқтисодчӣ ва соҳиби ду духтарчаи зебо – Нӯшофарину Нозофарин аст. Писарам Манучеҳр – дипломат. Оиладор ва соҳиби чор писар – Меҳрафзун, Меҳрон, Осаф ва Фарзод. Ҳунарманди театри «Оина» Шаҳзоди Раҷаб,соҳиби ду фарзанд – БалхнисоюМаздо. Писари хурдиам Масрур ҳамроҳи ҳамсару фарзандонаш Нӯшину Мӯин дар шаҳри Москва кору зиндагӣ мекунад. Фарзандонам оилаҳои хубу зиндагии обод доранд. Барои падару модар аз ин бахти баландтар намешавад.

 

–Эҷодкор ва сиёсат. Ин ду чиз то куҷо бо ҳамдигар тавъаманд? Магар аз эҷодкор сиёсатмадор мебарояд?

 

–Касе мегӯяд, ки адабиёту санъат бе сиёсат мешавад, дурӯғи маҳз аст. Театр худаш сиёсат аст, умуман ҳама чиз дар олами ҳунар, ҳатто реклама ва варзиш ҳам сиёсат аст. Вақте ки як санъаткор ё ҳунарманд аз хориҷа ба кишвари мо меояд, аз таҳти дил меҳмондорӣ мекунем. Меҳмонро ба беҳтарин тарабхонаҳо мебарем ва кӯшиш менамоем, ки беҳтарин хӯришу хӯрокҳои миллии тоҷикиро барояш пешкаш созем. Ҳадаф чист? Мехоҳем нишон диҳем, ки тоҷикон мардуми бофарҳанг ва дорои тамаддуни бой ҳастанд. Магар ин сиёсат нест?!Ман чор сол, аз соли 2000-2004 роҳбари телевизион будам ва хуб медонам, ҳар як барномае, ки ба тамошобинон пешкаш мешавад, сиёсат буд, ҳаст ва мемонад.

 

-Барномаҳои телевизиони Тоҷикисон дар давраи роҳбарии Шумо хеле тамошобоб гашта буданд, вале ба зудӣ онро тарк кардед…

 

–Шарм надошта саволатонро додан гиред. Ман медонам, ки шумо чиро фаҳмидан мехоҳед!

 

– Ба фикратон, чиро пурсиданӣ будам?

 

–Албатта, сабаби аз телевизион рафтани Убайдуллои Раҷабро-да! Дигар чӣ ҳам мешуд?!

 

Хӯш, чаро аз телевизион рафтед? Ҳангомаҳои вирди номатон даврзананда баъди рафтанатон аз телевизион шуморо озурдаю асабонӣ намекарданд?

 

–Ман нарафтам, маро ба кори дигар гузарониданд. Дар масъалаи овоза ва ҳангомаҳо бошад, ин як ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ҳунармандон аст. Ман аз ин ҳама сару садоҳо ягон зарра ғамгин нагаштам, зеро маро дар дунё ҳеҷ кас мисли ҳамсарам намешиносад. Аз ин беш ба ман чизе лозим нест!

 

– Назаратон ба барномаҳои телевизони имрӯза чӣ гуна аст?

 

–Дар телевизион фаъолият намудан кори сангин аст. Завқи ҳамаро қонеъ карда намешавад. Росташро гӯям, маро барномаҳои телевизон қонеъ намесозанд.

 

–Рӯзномаҳоро мехонед?

 

–Қариб ҳамаи рӯзномаҳоро мутолиа мекунам. Албатта, чизҳои ба худам маъқулашро…

 

– Мегӯянд, ки ҳунарманд дар ягон давру замон бе пушту паноҳ машҳур намешавад. Азбаски як ҳунарманди муваффақ ҳастед, назари Шуморо дар ин мавзӯ донистан мехостем…

 

–Ин бофтаи касонест, ки аслан ҳунар надоранд. Ман дар деҳаи Давлатшоҳиёни ноҳияи Кангурт, ҳозира ноҳияи Темурмалик, дар оилаи деҳқон ба дунё омадаам. Падарам Раҷабалӣ солҳои зиёд дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанд таҳсили илм намуда, сипас ба ноҳия бармегарданду ба касби устогӣ машғул мешаванд. Зиндагӣ он солҳо душвор буд, вале ба ҳама мушкилоти ҳаёт нигоҳ накарда, роҳи зиндагиро ёфтанд! Мо, ду нафар бародарон бе тағою такягоҳ соҳиби маълумоти олӣ шудем.

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД