goodwell
Охирин занги беҷавоб
277

​Салим дар ошёнаи дувоздаҳуми як бинои баланд дар маркази шаҳр зиндагӣ мекард. Ӯ ҳар саҳар бо костюми дарзмолшуда ва бӯйи атр ба кор мерафт, дар маҷлисҳо аз арзишҳои миллӣ гап мезад ва шабҳо бо дӯстонаш дар қаҳвахонаҳои қиматбаҳо ояндаи ватанро баррасӣ мекард.

​Дар ҷайбаш ду телефон дошт. Яке барои кор, дигаре барои тиҷорат. Аммо як рақами дигаре буд, ки ҳар рӯз соати шаши бегоҳ занг мезад. Рақами Онаҷон. Салим одатан ба ин занг ҷавоб намедод.

- Боз ҳамон гапҳои такрорӣ,- мегуфт ӯ ба худаш.- Мепурсад, ки чӣ хӯрдӣ, саломатиат чӣ хел, бачаҳоятро эҳтиёт кун. Гӯё ман кӯдак бошам. Вақтамро мегирад. Гуфтам, ки биё, онаҷон, бо ману келинат дар шаҳр ист, намехоҳад.

​Рӯзе модараш занг зад. Салим дар маҷлис буд. Вай тугмаи отменаро пахш карду паёмак фиристод: Оча, банд ҳастам, худам занг мезанам.
Аммо занг назад. Чунки бо дӯстонаш ба дараи Варзоб истироҳат рафта буданд.

​Пас аз ду рӯз ҳамсояи модараш аз деҳа занг зад:

- Салим, очаат се рӯз боз аз хона намебарояд, говаш дар охӯр гурусна мондааст, дараш аз дарун маҳкам.

​Салим бо суръати баланд ба деҳа рафт. Вақте дари кӯҳнаи чӯбинро шикаста ворид шуд, модарашро дар болои кӯрпача дид. Телефон дар дасташ буд. Экрани телефон ҳанӯз фурӯзон буд, ӯ охирин бор рақами писарашро чида, вале тугмаи зангро пахш карда натавониста буд.

Салим ба яхдон нигоҳ кард. Дар он ҷо як коса шӯрбои яхкарда буд, ки модараш се рӯз пеш, ҳамон рӯзе, ки Салим банд буд, барои омадани писараш пухта буд. Модар медонист, ки писараш шӯрбои ӯро дӯст медорад.

​Салим дар мотами модараш гирист, вале медонед чӣ? Пас аз як ҳафта вай боз дар ҳамон ошёнаи дувоздаҳум буд. Ӯ боз ба маҷлисҳо мерафт ва аз меҳри модар дар минбарҳо шеърҳо мехонд. Ӯ ҳатто дар “Фейсбук” сурати модарашро гузошта, зераш навишт: Ҷоят ҷаннат бошад, қиблагоҳам. Ин сурат ҳазорҳо лайк гирифт. ​Аммо ҳеҷ кас напурсид, ки чаро Салим дар ду рӯзи охири зиндагии модараш, вақте ки ӯ ба як ҷуръа об ва як калимаи писараш муҳтоҷ буд, банд буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳрамони меҳру оқибатем, вале дар зиндагӣ барои як занги панҷдақиқаии модар вақт надорем. Мо бандем. Банди пул, банди мансаб, банди корҳои беҳуда. Ва танҳо вақте ки рақами Онаҷон дигар ҳеҷ гоҳ дар экран пайдо намешавад, мо мефаҳмем, ки тамоми он маҷлисҳову пулҳо ба як сонияи садои ӯ намеарзидаанд.

​Ин дурӯғ нест. Ин зиндагии ҳазорон Салимҳо аст, ки меҳрашон танҳо дар постҳои интернетӣ боқӣ мондааст. Қабул аст?

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД