goodwell
Ғолиб Исломов ба синни 80 солагӣ қадам мегузорад
71

Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи санъати театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ғолиб Исломов ҷашни милод дорад. Ғолиб Исломов 9-уми ноябри соли 1947 дар деҳаи Барушони ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1971 Донишкадаи санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм намудааст ва аз ҳамон давра инҷониб дар Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба сифати актёр фаъолият менамояд. Дар тӯли зиёда аз 55 соли фаъолияти эҷодиаш ин марди саропо ҳунар дар садҳо намоишномаҳои театрию телевизионӣ нақшҳои гуногун бозида, ҳамзамон дар зиёда аз 40 филми ҳунарӣ аз ҷумла “Вохӯрӣ дар дараи марг”, “Чор тан аз Чорсанг”, “Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ”, “Дар ағба тир напарронед”, “Чашмаи гӯё”, Реги сурх”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Охирин шаби Шаҳрзод”, “Ашк ва шамшер” ва ғайра образҳои хотирмон офаридааст. Чанде пеш Ғолиб Исломов меҳмони сомонаи Oila. tj гашта, қиссаи зиндагиашро дар барномаи “Пайроҳаи ҳунар” нақл кард. Инак, мо пораеро аз ин суҳбати ҷолиб манзуратон месозем. Шакли пурраи барномаро дар ютуб канали Oila. tj тамошо карда метавонед. Ссилкаи барнома: https://youtu.be/5jPr2dPbxKI

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД