Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол барои дарёфти «Ҷоми раиси ВМКБ» ҷамъбаст шуд, ки дар он дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷои аввал гардид.
Дар мусобиқа 6 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок дошта, бозингарон маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дастгирии Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 20-уми август оғоз шуда, 25-уми август ҷамъбаст гардид.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз дошт, ки сол то сол дар вилоят мусобиқаҳои варзишӣ зиёд шуда, раванди баргузории онҳо на танҳо дар миқёси вилоят, балки берун аз он низ сазовори баҳои баланд гардид.
Чунин мусобиқаҳои муҳими варзишӣ барои ба майдон овардани истеъдодҳои нави соҳаи варзиш мусоидат намуда, дар тарбияи худшиносию худогоҳии насли наврас таъсири амиқ мегузоранд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи Душанбе-1 ва дастаи ВМКБ-1 сабқат намуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ғолибият насиби дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид.
Ғолибон бо Ифтихорнома, медал, Ҷоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мукофоти пулӣ барои ҷойи якум - 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм - 10 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм - 5 000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.