formula
Ғолибонро 100 000 евро интизор аст!
383

Аз 2 то 4 июн дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе мусобиқаи бошукуҳи варзишии “Гран Прии Душанбе оид ба ҷудо” баргузор хоҳад гашт.

Ин мусобиқа дар Тоҷикистон бори нахуст баргузор гашта, дар он 313 варзишгар (176 мард ва 137 зан) аз 42 давлати дунё иштирок хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба сифати мизбон дар ҳайати 34 варзишгар, ки 28 нафарашон мардон ва 6 нафарашон аз ҷумлаи занони варзишгар мебошанд, дар мусобиқа иштирок мекунанд. Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти «Сайри ҷаҳонии ҷудо»-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, варзишгарон имкони гирифтани холҳои олимпӣ доранд.

Фонди ҷоизаҳои Гран Прии Душанбе 100 000 евроро ташкил дода, ғолибон дар 14 вазн (7 вазн байни мардҳо, 7 вазн байни духтарон) қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ғолибоне, ки соҳиби медали тиллои мусобиқа мешавнад 3000 евро, барандагони медалҳои нуқра 2000 евро ва медали биринҷӣ 1000 евро мукофот хоҳанд гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД