sebiston july new
Олимон роҳи осони пешгирии диабети қандро пайдо карданд
731

Дер наҳорӣ кардан касро ба
касалии қанд гирифтор месозад

Олимони Институти байналмилалии тандурустии Барселона (ISGlobal) роҳи оддии пешгирии диабети қандро пайдо карданд. Дар натиҷаи як пажӯҳиш муайян гардидааст, ки пеш аз соати ҳашт наҳорӣ кардан метавонад хатари гирифторӣ ба диабетро то 59% коҳиш диҳад.

Натиҷаи таҳқиқоти олимони испанӣ дар маҷаллаи "International Journal of Epidemiology" нашр шудааст. Дар ҷараёни таҳқиқоти мазкур 103312 нафар калонсолон ихтиёран иштирок намуданд, ки 79% -и онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Онҳо реҷаи ҳаррӯзаи худ, одатҳои хӯрокхӯрӣ, ҳаракат ва инчунин дар давоми се рӯз пеш аз омӯзиш чӣ мехӯрданд ва менӯшиданд, тавсиф карданд. Сипас, марҳилаи мушоҳидаи иштирокчиён оғоз ёфт, ки тақрибан ҳафт сол давом кард.

Дар рафти тадқиқот 963 ҳолати 2 навъи диабет ба қайд гирифта шудааст. Паҳншавии ин беморӣ дар байни одамоне, ки мунтазам баъд аз соати нӯҳ наҳорӣ мехӯрданд бештар ба назар мерасид. Зарурати хӯрдан пас аз бедоршавӣ ба ритми шабонарӯзии инсон алоқаманд аст. Ин тағйирёбии равандҳои гуногуни биологӣ мебошад, ки ба ивазшавии шабу рўз вобастагӣ дорад.
Гуфта мешавад, ки вайрон кардани реҷаи субҳона метавонад ба вайроншавии сусти сатҳи глюкоза, инсулин ва липидҳо дар бадан оварда расонад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД