Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026: қуръакашӣ баргузор гардид
08.12.2025
Oila.tj
78

Қуръакашии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 дар Маркази санъати иҷроияи Ҷон Ф. Кеннеди дар Вашингтон баргузор шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бори аввал дар таърихи Ҷоми ҷаҳон 48 даста дар ин мусобиқа ширкат мекунанд ва бори аввал мусобиқа дар се кишвар баргузор мегардад.

Гурӯҳи A: Мексика, Африқои Ҷанубӣ, Кореяи Ҷанубӣ, ғолиби роҳи D дар бозиҳои плей-оффи Аврупо (Чехия, Дания, Македонияи Шимолӣ, Ирландия)

Гурӯҳи B: Канада, ғолиби роҳи А дар бозиҳои плей-оффи Аврупо (Босния ва Ҳертсеговина, Италия, Ирландияи Шимолӣ ё Уэлс), Қатар, Швейтсария

Гурӯҳи С: Бразилия, Марокаш, Гаити, Шотландия

Гурӯҳи D: ИМА, Парагвай, Австралия, ғолиби роҳи С дар бозиҳои плей-оффи Аврупо (Косово, Руминия, Словакия ё Турция)

Гурӯҳи E: Олмон, Кюрасао, Кот‑д’Ивуар, Эквадор

Гурӯҳи F: Нидерланд, Ҷопон, ғолиби роҳи В дар бозиҳои плей-оффи Аврупо (Албания, Полша, Шветсия ё Украина), Тунис

Гурӯҳи G: Белгия, Миср, Эрон, Зеландияи Нав

Гурӯҳи H: Испания, Кабо‑Верде, Арабистони Саудӣ, Уругвай

Гурӯҳи I: Фаронса, Сенегал, ғолиби плей-оффи байниқитъавӣ (Боливия, Ироқ ё Суринам), Норвегия

Гурӯҳи J: Аргентина, Алҷазоир, Австрия, Урдун

Гурӯҳи K: Португалия, ғолиби плей-оффи байниқитъавӣ (Ҷумҳурии Конго, Ямайка ё Каледонияи Нав), Ӯзбекистон, Колумбия

Гурӯҳи L: Англия, Хорватия, Гана, Панама

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2026 аз 11-уми июн то 19-уми июл миёни 48 дастаи мунтахаб баргузор мегардад. Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа тими мунтахаби Аргентина мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД