12-уми январ дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Eurol Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи «Румӣ» соати 14:00 оғоз мегардад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, понздаҳумин мусобиқаи Ҷоми ФФТ дар ду марҳила сурат мегирад - муқаддамотӣ ва ниҳоӣ. Дар марҳилаи муқаддамотӣ дастаҳо ба се минтақа тақсим мешаванд - Душанбе, Суғд ва Хатлон.
Тибқи ҷадвали Лигаи футболи Тоҷикистон, бозиҳо дар минтақаи Душанбе даҳаи дуюми моҳи январ оғоз мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқа тими “Истиқлол” маҳсуб мешавад. Дубли Беганович ғалабаи “Истиқлол”-ро дар баробари КМВА таъмин намуда буд. Дастаи шаҳри Душанбе қаблан солҳои 2014, 2015, 2017, 2018, 2019, 2021 ғолиби мусобиқаи мазкур шудааст.
Ғолибони Ҷоми ФФТ (2012-2025):
2012 - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хайр» (Ваҳдат) - 1:0
2013 - «Хайр» (Ваҳдат) - КМВА «Помир» (Душанбе) - 1:1. пеналти - 6:5
2014 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) - 2:0
2015 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хайр» (Ваҳдат) - 5:1
2016 - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 1:0
2017 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1
2018 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 3:1
2019 - «Куктош» (Рӯдакӣ) - «Истиқлол» (Душанбе) - 2:5
2020 - «Равшан» (Кӯлоб) - «Кӯктош» (Рӯдакӣ) - 1:2
2021 - «Хатлон» (Бохтар) - «Истиқлол» (Душанбе) - 0:1
2022 - «Ҳосилот» (Фархор) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 0:4
2023 - КМВА (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - 2:1
2024 - «Равшан» (Кӯлоб) - «Ҳосилот» (Фархор) - 1:0
2025 - «Истиқлол» (Душанбе) - КМВА (Душанбе) - 2:0