Ҷоми Осиё-2026: 14-уми январ тими миллии футзали Тоҷикистон омодагиро оғоз мекунад
08.01.2026
Oila.tj
69

Тими миллии футзали Тоҷикистон 14-уми январ тавассути транзити Дубай ба шаҳри Ҷакарта сафар мекунад ва онҷо омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оғоз менамояд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи омодагиҳои худ даста дар Индонезия машқҳои дастаҷамъии даҳрӯза роҳнадозӣ мекунад. Дар доираи ҷамъомад мунтахаби Тоҷикистон се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад.

Сармураббии дастаи миллӣ Пайрав Воҳидов 16 бозигарро барои тамринҳои дастаҷамъӣ даъват кардааст - се дарвозабон ва 13 бозигар. Ҳайати ниҳоии мунтахаб барои Ҷоми Осиё-2026 14 бозигарро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми футзали Осиё-2026 тими миллии Тоҷикистон бо яккачинҳои Ӯзбекистон (28-уми январ), Ҷопон (30-юми январ) ва Австралия (1-уми феврал) бозӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД