formula
Омикрон аз Делта хатарноктар аст?
976

Тадқиқот нишон дод, ки штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафас нисбат ба делта 70 баробар зудтар афзоиш меёбад. Штамми омикрон дар шохаҳои роҳи нафаси инсон нисбат ба делта ва вируси аввалии SARS-CoV-2 70 бор зудтар сироят мекунад ва афзоиш меёбад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба тадқиқоти олимони Мактаби тиббии Донишгоҳи Ҳонгконг. Тадқиқот нишон додааст, ки гирифторӣ ба омикрон дар қисмати шуш нисбат ба вируси аслии SARS-CoV-2 ба таври қобили мулоҳиза пасттар аст ва ин, ба гуфти коршиносон, метавонад нишондиҳандаи пасттар будани шиддати беморӣ бошад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт B.1.1.529-ро ҳамчун "штамми ташвишовар" эълон кард ва ба он номи ҳарфи 15 -уми алифбои юнонӣ - "омикрон" ном гузошт. Штамми омикрон феълан дар 63 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД