Ба 30 омӯзгори Тоҷикистон, ки дар даври омӯзишии Барномаи «KLIC LEAD Global Workshop 2025» дар Корея иштирок намуданд, сертификат супорида шуд.
13-уми август дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея даври омӯзишии ин барнома ҷамъбаст гардида, аз ҷониби роҳбарияти Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг ба иштирокчиён сертификатҳои хатми барнома супорида шуд.
Барнома машғулияти амалӣ оид ба зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, омӯзиши асосҳои рақамии таълим, истифодаи EduTech, тарҳрезии дарс, шиносоӣ бо муассисаҳои таълимии инноватсионӣ, ширкатҳои пешрафтаи технология ва фарҳанги Кореяро дар бар гирифт.
Даври омӯзишии байналмилалии «KLIC LEAD Global Workshop 2025» 4-уми август оғоз шуда, 13-уми август ба анҷом расид. Он дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг гузаронида шуд.