sebiston july new
“Орёл и Решка” мардумро аҳмақ мекунад?
2837

 

Аксарият барномаи машҳури “Орёл и Решка”-ро медонанду тамошо мекунанд. Дар сари бисёриҳо баъди тамошои ин барномаи ҷолиб суолҳои бе ҷавоби зиёд пайдо мешаванд. Имрӯз мо сирру асрори махфии ин барномаи сертамошобинро ба шумо ме кушоем.

Сенарияи барномаро муҳаррирон пешакӣ омода намуда, дар меҳмонхона ҳуҷра банд мекунанд ва бо пешвозгирандаю ронандаҳо мулоқот меороянд, то боварӣ ҳосил намоянд, ки дар рафти сабти барнома бо аъзоёни гурӯҳ ягон ҳодисаи нохуш рӯй намедиҳад.

Сарпарастон ва ровиён қабл аз партофтани “Танга”муайян мекунанд, ки корти тиллоӣ ва сумка бо сад долларро кӣ мегирад, зеро барои духтарон дар кишварҳои мусалмонӣ бо 100 доллар рӯзгузаронӣ душвор нест, аммо барои мардҳо дандоншикан аст.

Шумо воқеан фикр мекунед, ки барандаҳо бо корти тиллоӣ дар меҳмонхона бар ивази 8 ҳазор доллар ҳуҷра банд мекунанд?! Албатта не! Онҳо барои сабт ҳуҷраи меҳмонхонаро танҳо ба муддати ду соат ба иҷора мегиранд ва сипас шабро дар меҳмонхонаҳои буҷавию арзон, ки пешакӣ банд шудаанд, рӯз менамоянд. Сарпарастон ба барандаҳо ҳамагӣ сад долларӣ пул медиҳанду халос. Ин сад долларро онҳо чи гуна ва дар куҷо сарф менамоянд, барои сарпарастон фарқ надорад. Дар ҳолати ба анҷом расидани сад доллар сарпараст ба барандаи барнома пули изовагӣ намедиҳад, бинобар ин, барандаҳои ин барнома бояд хеле сарфакор бошанд. Дар ҳайати даста ҳамагӣ 8 нафар кор мекунанд, мабодо ҳангоми сабт бо ровӣ ягон ҳодисаи нохуш рӯх диҳад, наворбардор бояд кори худро идома дода, он лаҳзаро сабт намояд, дигар аъзоёни гурӯҳ бояд ба кӯмаки ровӣ шитобанд.

Ба “қонунҳои тиллоӣ”- и ин барнома тоб наоварда, аксари ровиён мегурезанд- мегӯяд хабарнигори сомонаи иҷтимоии Какао-News.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД