Arzon march 2024
Мири мӯшон ба гӯши Рустам Азимӣ чӣ гуфт?
4669


Соли наве, ки меояд, мувофиқи солшумории шарқӣ соли мӯш аст. Назари мардум дар бораи соли мӯш гуногун аст, яке онро соли пурфайз меномад, дигарӣ иддао мекунад, ки сол бе баракат мешаванд, чунки мӯш ҷонвари чашмгурусна буда, як умр дуздӣ мекунад ва ҳеҷ гоҳ сер намешаванд.

Дар остонаи соли нав хабарнигори сомонаи Оила. ТҶ Рустам Азимӣ бо мири мӯшон ҳамсӯҳбат гашт.

-Ассалому алейкум, акаи мӯш!
-Маро акаи мӯш не, мири мӯшон гӯед, чунки имсол соли салтанати бандааст.
-Мебахшед, минбаъд ба шумо эҳтиромона муносибат хоҳам кард.
Хайр шаф-шаф накарда бигӯ, ки чи мехоҳӣ?
-Ман Рустам Азимӣ, хабарнигори...
-Метавонӣ давомашро нагӯӣ, ман туро аллакай шинохтам. Ту ҳамон Рустам Азимии сомонаи Оила нестӣ?
-Маро чӣ хел шинохтед? Магар шумо мӯшҳо ҳам ба сайтҳо ворид мешавед?
-Эй бародар, тамоми интернет дар дасти мо мӯшҳо аст, охир мушак набошад, чӣ хел дар компютер кор мекунӣ!
-Акаи мири мӯшон, баъзеҳо мегӯянд, ки соли мӯш чандон соли хуб намеояд, чунки мӯшҳо як умр бо дуздӣ зиндагӣ мекунанд ва корашон мудом вайронкорист...
-Магар дар байни шумо, одамон дузду мардумфиребу қаллобҳо каманд?! Ё гумон мекунед, ки мо мӯшҳо ақл надорем ва бо кадом роҳҳо соҳиби мошинҳои қиматбаҳою хонаҳои дакаданг шудани баъзе одамонро намедонем. Панҷ панҷа баробар нест, мӯшҳо низ ҳар хел мешаванд. Бовиҷдон, бевиҷдон, меҳнатқарин, танбал, фиребгар, ростқавл...
-Аз мавзӯъ бисёр дур рафтем. Беҳтараш бигӯед, ки соли мӯш чӣ хел сол мешавад?
-Соли бобаракат мешавад, агар одамон пояшонро болои по монда, хоб нараванд ва мисли мо, мӯшҳо мудом дар ҷустуҷӯю такопу бошанд...
-Гуфтаниед, ки ҳамааш аз худи одам вобаста аст?
-Бале, агар меҳнат кунӣ, ризқу рӯзиатро аз таги замин бошад ҳам, ёфта мехӯрӣ, вале бекорию кризисро баҳона карда шинӣ, вой бар ҳоли зану фарзандонат!
-Шумо мӯшҳо мисли мо, одамон пул дода нону хӯрока нахаред, чи парвои олам доред...


Зимнан, хонаводаи Шавкат Мирзиёев талош мекунад ба сокинони Ӯзбекистон нишон диҳад, ки як зиндагии маъмулӣ доранд ва Президенту оилааш худ корҳои рӯзгорро анҷом медиҳанд.


-Эй бародар, беҳуда мӯшҳоро таҳқир накун. Мо, мӯшҳо нангу номуси мардона дорем ва мисли баъзе мардҳои шумо зану кӯдаконамонро партофта, бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ солҳо бедарак намешавем. Аз куҷое, ки набошад, нони ҳаррӯзаи оилаамнро ёфтамеорем, то ки зану кӯдаконамон азоб накашанд.
-Барои ман як чиз аҷиб аст, ки мӯшҳо ҳамтӯй карда зану шавҳар мешаванд ё бо касе, ки пеш омад...
-Мо, мушҳо мисли шумо, одамон тӯй мекунем гуфта, худамонро дар таги қарзу қавола намемонем. Бе хараҷу мараҷи зиёдатӣ, ҳамаамон ҷамъ шуда, каме бозию хурсандӣ мекунему баъд домоду арӯс аз паси зиндагиашон мешаванд.
-Тӯйи арӯсиву домодӣ дар умри инсон як бор арпо мешавад...
-Беҳуда ҳамҷинснатро сафед накун, жуналист. Нони хӯрданӣ надоред, вале барои худатонро нишон додан қаҳру қавола карда, тӯйи осмонкаф меороед, барои духтарҳоятон қолинҳои туркӣ, яхдону телевизори қиматбаҳо ва рахти хоби шоҳона мехаред, вале як сол нагузашта келину домод ҷудо мешаванду тамоми ҷиҳозу мебелҳои гаронбаҳоро мӯш мехӯрад. Магар беҳтар нест, ки мисли мо, мӯшҳо тӯяки хоксоронае ороста зану шавҳар шавед, охир хушбахтӣ дар молу мулки дунёӣ не, дар ҳурмату эҳтиром ва меҳру муҳаббати самимӣ нисбат ба ҳамдигар аст...
-Магар худи шумо хушбахтед?
-Аз ман хушбахттар дар ҷаҳон нест!
-Агар махфӣ набошад, сирри хушбахтиатонро мегуфтед?
-Сирри хушбахтии мо, мӯшҳо дар муттаҳид буданамон аст.
-Мӯшҳо чанд сол умр мебинанд?
-Инаш ба гурба вобаста аст. Ягон гурбаи гурусначашм як луқмаи хомат накунад, умри дароз мебинӣ, вале бахтат нахандаду ба чанги гурда ё мушқапак афтӣ...
-Дар соли мӯш шумо ба мардони тоҷик чӣ гуфтаниед?
-Гуфтаниям, ки пояшонро баробари кӯрпаашон дароз карда, ду-се занӣ нагиранд, чунки қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ҳоло сахт шудагӣ, акнун ҳар кас барои оилаву насли худ ҷавобгар аст. Дар ин замони душвор мард бошанд ва набудани ҷойи кору кризисро баҳона накарда, аз паси дарёфти ризқу рӯзии хонаводаашон шаванд. Худованд мардро барои он офаридааст, ки мисли сутуни устувор такягоҳи зану фарзандонаш бошад. Ҳамин рисолати азалии худро фаромӯш накунанд! Соли нав ба ҳамаатон муборак бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД