goodwell
Ороиши зиёди зан мардро мегурезонад
06.06.2026
Oila.tj
87

Аксарияти бонувон фикр мекунанд, ки мардҳо духтарони зебою хушқаду қоматро дӯст медоранд ва барои ба дили ҷавонон роҳ ёфтан пули зиёдеро сарф намуда, косметикаи гаронбаҳо ва либосҳои зебо мехаранд, парҳез мекунанд, то ки лоғарандому дилкаш шаванд. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо мардони булҳавас ба ҳусну малоҳати зоҳирии зан таваҷҷуҳ мекунанд, мардони зангир бошанд, ҳангоми интихоби ҳамсафари ҳаётӣ ба дигар сифатҳои арӯсшаванда диққат медиҳанд.

Фатонату ҷозибаи зан мардро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад, вале мардҳо аз духтарони лӯхтакбашара метарсанд. Ба ақидаи мардон, бонувони аз ҳад зиёд зебо ва хушлибос худхоҳу худпараст мешаванд. Мард гумон мекунад, ки зани олуфта рӯзи дароз назди оина нишаста, дасташро ба ягон кори хона намезанад. Аз тарафи дигар, зани парӣ барин зебо гирифтан хатарнок аст. Ягон мард намехоҳад, ки дигарон ба зани мурчамиёни ӯ чашм ало карда, аз пасаш кашола шаванд. Барои ҳамин мардҳо маликаҳои ҳусну малоҳатро монда, ба бонувони ситорагарм хонадор мешаванд.

Меҳрубон бошӣ, хушбахт мешавӣ

Меҳрубонӣ, ҳалимӣ, мушфиқӣ сифатҳое ҳастанд, ки мард дар симои зани ояндааш дидан мехоҳад. Ҳар қадаре мард калонсол бошад, ҳамон андоза мехоҳад духтари одиву самимиеро ба занӣ гирад, то ҳамеша дарди дилашро фаҳмида, ӯро дастгирӣ карда тавонад.

Бибичаққонак

Ба ақидаи мардҳо, бо зани чаққон зистан аҷиб ва гуворо аст, зеро чунин зан дар ҳама ҷо худро озод ҳис мекунад. Бонуе, ки ҳамеша бо коре машғул аст, пайваста ягон навигарӣ меёбад ва диққати мардро ба худ ҷалб карда метавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД