Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд
131

Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода - сарояндаҳои маъруфи эронӣ моҳи декабр ба Тоҷикистон омада, дар пойтахти кишвар консерт доир мекунанд.

Орун Афшор охири моҳи декабр вориди Душанбе шуда, ба иттилои “Borbad Production”, ки ширкати масъули сафари Орун Афшор аст, рӯзи 30-юми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерт доир мекунад.

Тибқи иттилои масъулин, консерт соати 17:00 оғоз гардида, арзиши чипта вобаст ба ҷои нишаст аз 400 то 600 сомонӣ аст.

Ҳамчунин дар назар аст, ки Муҳсин Иброҳимзода, сарояндаи дигари шинохтаи эронӣ низ ба Тоҷикистон ояд. Эълони баргузории консерти ӯ низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Гуфта мешавад, ки Муҳсин Ибороҳимзода рӯзи 20-уми декабр, соати 17:00 дар “Кохи Суруш” консерт доир мекунад. Арзиши чипта барои консерти ӯ низ аз 400 то 600 сомонӣ будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД