Arzon march 2024
Оши замбурӯғӣ
1982

 

Барои тайёр кардани ин ош чунин маҳсулот лозим аст:

-Биринҷ 1-стакон,

Замбурӯғи сафеди хушккардашуда- 50г

Пиёз 1-дона.

Мурчи булғорӣ-2дона,

Хамираи томатӣ-1 қошуқӣ калон,

Равғани пахта 2 қошуқи калон,

Намак ва кабудӣ.

                     Тарзи таҳия:

1) Биринҷро тоза карда, сипас мешӯем ва дар равғани пахта каме бирён карда, меҷӯшонем.

2) Ба замбурӯғҳои сафед андак оби ширгарм андохта тақрибан 20 дақиқа нигоҳ медорем.

3) Пиёзро майда карда, қаланфури булғориро ба таври чӯбак реза мекунем.

4.) Замбурӯғ, пиёз, намак ва мурчи булғориро каме зирбонда ба биринҷ ҳамроҳ мекунему хамираи томатро илова намуда, то ғафс шуданаш дар оташи паст мепазем.

5.) 20 дақиқа ошро дам мепартоем, баъд ба табақ кашида ба болояш кабудӣ мепошем. Иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД