Commerce bank may-june 2026
Ошноӣ бо вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагони садамаи нақлиётӣ дар Ваҳдат
03.07.2026
Oila.tj
197

Тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ ва як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тиби шаҳри Душанбе ба аёдати осебдидагони як садамаи нақлиётӣ, ки дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ дар километри 32, дар ҳудуди деҳаи Элоки ҷамоати деҳоти Карим Исмоили шаҳри Ваҳдат ба амал омада буд, ба шаҳри Ваҳдат сафар кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни сафари корӣ муовини якуми вазир ва мутахассисони соҳаи тиб дар Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бо вазъи саломатии ҷароҳатбардоштагони садамаи нақлиётии болозикр шинос гаштаанд. Ба табибони Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани осебдидагони садамаи нақлиётӣ тавсияҳои муфид ва судманд дода шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки вазъи саломатӣ ва ҷараёни табобати осебдидагони садамаи нақлиётии болозикр таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД