sebiston july new
Осорхонаи миллӣ ба Ҳусейн туҳфа дод
440

 

Тавре ки иттилоъ доред, Ҳусейн Ҳасанов, блогери машҳури озари муқими Россия, дирӯз бо даъвати Исмоили Маҳмадзоир, Президенти Федератсияи ҷудои кишвар ба Душанбе омад.

Ин блогери шинохта имрӯз меҳмони Осорхонаи миллӣ шуд. Фариддун Кенҷазода, сардори шуъбаи оммавӣ ва экскурсионии ОМТ ба сомонаи “Оила” гуфт, ӯро Зафаршо Иброҳимзода, директори Осорхона ва дигар шахсони масъул дар саҳни муассиса пешвоз гирифта, аз ҷониби роҳбалад ба онҳо сайри осорхонавӣ баргузор карда шуд.

Инчунин, хонед:

БЛОГЕРИ МАЪРУФ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

"Ба меҳмонон таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои марбут ба “Асри санг”, “Асри биринҷ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Юнону Бохтар”, “Кушониён”, “Сосониён”, “Ҳайтолиён”, “Панҷакенти қадим”, “Мероси хаттӣ”, “Аҷинатеппа”, толорҳои “Кулолгарӣ”, “Мисгарӣ”, “Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” муаррифӣ карда шуданд",-гуфт манбаъ.

Ҳусейн Ҳасанов аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

Ҳамчун рамзи эҳтиром ва меҳмондорӣ ба меҳмон маводи илмии Осорхонаи миллӣ аз қабили китобу маҷаллаҳо тақдим карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД