Arzon march 2024
Котил ба махбас рафт
981

Барои қатли ду зани фаррош дар ноҳияи Деваштич Саҳобиддин Мунавварзода ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Ҳукми мазкурро Суди вилояти Суғд содир кардааст. Ин қазияи пурсарусадо 17-уми июли соли 2022 ба вуқуъ пайваста буд. 

Ҳукм санаи 30-юми январ аз ҷониби Суди вилояти Суғд содир гардидааст. “Саҳобиддин Мунавварзода бо моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Ёдовар мешавем, ки Умеда Зокироваи 45-сола ва Вориса Фозиловаи 56-сола, ду зани фарроши Идораи замини ноҳияи Деваштич 17-уми июли соли 2022, дар рӯзи истироҳатӣ, дар макони кори худ бо зарби корд ба қатл расонида шуда буданд. Саҳобиддин Мунавварзода, мутахассиси пешбари идораи замини ноҳия ҳамчун гумонбари асосӣ дар куштор боздошт гардида буд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд “фазои носолими кориро дар ин идора сабаби асосии фоҷеа” арзёбӣ карда буд.

“Гумонбар аз сабаби доштани хусумати шахсӣ ва қасд нисбати раис, муовин ва дигар хизматчиёни кумитаи мазкур, ки гӯё барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ӯ монеагӣ мекарданд, бо мақсади тарс додан ва ба таҳлука андохтани онҳо ба ташкили далелҳои сунъии бадномкунанда даст зада, дар рӯзи ҳодиса бо истифода аз сӯзишвории дизелӣ ду утоқи кории идораи заминро оташ мезанад ва занони фаррош аз сӯхтор бохабар шуда, мехоҳанд, онро хомӯш кунанд. Вале гумонбар Мунавварзода бо мақсади рӯйпуш кардани ҷинояти худ бо корди ошхонагӣ онҳоро ба қатл мерасонад”,- гуфта мешуд дар изҳороти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД