Arzon march 2024
ОВОЗХОН ПРЕЗИДЕНТ ШУДАН МЕХОҲАД
1477

 

Ҷаҳонгир Отаҷонов, овозхони 42-солаи ӯзбек, ки ба фаъолияти овозхонии худ хотима бахшидааст, дар оянда президенти Ӯзбекистон шудан мехоҳад. Овозхон барои иштирок дар интихоботи президентии Ӯзбекистон, ки охири имсол баргузор мегардад, ҳама корҳои заруриро анҷом хоҳад дод.

“Ман ҳам президент шудан мехоҳам. Ҳадафи асосӣ хизмат ба мардум ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар аст. Бо ин муроҷиатам ба роҳбари ҳозираи кишвар норозигии худро баён карданӣ нестам ва ҳақ ҳам надорам. Ӯ низ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад ва барои мардум мекӯшад”,-навиштааст, хабаргузории “UPL24” аз қавли Отаҷонов. Овозхон айни замон бо оилааш дар Туркия қарор дорад ва дар ояндаи наздик ба шаҳри Тошканд баргаштанист. Ҳамчунин, ӯ омодааст, ки барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳизбии сиёсии худро ташкил кунад.

Баъзеҳо суханҳои Отаҷоновро шӯхӣ пиндошта, бархеи дигар ӯро танқид кардаанд. Аммо овозхон гуфтааст, агар имсол ба ҳадафаш нарасад, дар интихоботи оянда низ номзадии худро хоҳад гузошт. Ҷаҳонгир Отаҷонов сарояндаи суруди “Духтараки ҷингиламӯ” мебошад, ки ҳаводоронаш дар Тоҷикистон низ кам нестанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД