Arzon march 2024
ОВОЗХОНИ АФҒОН НИГИНА АМОНҚУЛОВАРО БА СУД МЕДИҲАД?
15296

 

Ваҷиҳа Растагор, овозхони 54-солаи афғон, аз оне ки Нигина Амонқулова, овозхони 35-солаи тоҷик, сурудашро бе пурсиш бозхонӣ намудааст, изҳори норозигӣ кардааст.

Гап сари таронаи “Зорӣ-зорӣ” меравад, ки асосан моли Ваҷиҳа Растагор буда, Нигина Амонқулова онро соли гузашта дар доираи лоиҳаи “A tribute to singing legends by Nigina Amonqulova” бозхонӣ намуда буд. Матни тарона ба қалами Амирҷон Сабурӣ, шоир ва овозхони афғон тааллуқ дорад. Ин овозхони афғон дар барномаи “Сароча”-и Телевизиони “Тулӯъ” аз шеваи овозхонии Нигина Амонқулова тавсиф карда бошад ҳам, дар хусуси бидуни пурсиш сароидани сурудаш изҳори норозигӣ кардааст. “Лутф карда, аксу наворҳоямро дар суруд ҷой додааст, то дӯстон бубинанд ва бо ин роҳ масъулияташро иҷрошуда ҳисобидааст. Ба ҳар сурат, вақте ҳунарманд зинда аст, бояд ҳамроҳаш қабл аз бозхонӣ суҳбат кард”,-гуфтааст хонум Ваҷиҳа Растагор.

Ин бори нахуст нест, ки овозхонҳои тоҷик бидуни пурсиш сурудҳои овозхонҳои афғонро бозхонӣ мекунанд. Овозаҳое, ки гӯиё овозхони афғон Нигина Амонқуловаро ба суд медиҳад, асоси воқеӣ надоранд. Ваҷиҳа Растагор дар Афғонистон ба дунё омада, феълан ҳамроҳи оилааш дар Олмон кору зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳамсари оҳангсози маъруфи афғон Фарид Растагор мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД