formula
Озмун оғоз ёфт, бахти худро санҷед!
230

Хонандагони азизи сомонаи Оила. ТЧ! Тавре ки ҳамагон огоҳӣ доранд, санаи 18-феврали соли равон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ дар солҳои 2024-2026» ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор дар соли 2024 дар маҷмӯъ 20 Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки барои рушди ҳунару ҳунармандӣ пешбинӣ шудаанд. Аллакай аз 1-март довталабон лоиҳаҳои худро барои дарёфти грант пешниҳод карда метавонанд.

Ҷиҳати амалисозии ин иқдом дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Комиссияи грантӣ оид ба дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шудааст. Шахсоне, ки мехоҳанд соҳиби гранти президентӣ шаванд аз 1-март то 1 апрели соли равон метавонанд лоиҳа ва ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд. Барои иштирок дар озмун дар баробари лоиҳа ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намудан лозим аст:

1. Ариза ба унвони раиси Комиссия
2. Лоиҳаи асоснокшудаи ҳунарманд дар бораи самти фарогирии ҳунаре, ки дорад ва минбаъд онро рушд медиҳад.
3. Маълумот дар бораи ҳунарманд
4. Нусхаи шиноснома
5. Акси 3×4, 2 дона.
6. Нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда
7. Маълумотнома аз маҳали истиқомат
8. Ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии соҳибкорӣ, (агар тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин бақайдгирӣ талаб карда шавад)
Ҳунармандоне, ки хоҳиши дар ин озмун иштирок карданро доранд, метавонанд ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки дар суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи А.Навоӣ 5/2, -и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад, муроҷиат намоянд.

Маълумоти иловагиро дар бораи шартҳо ва тартиби иштирок дар озмуни мазкур тариқи телефонҳои зерин гирифтан мумкин аст:

250-32-39 ва 250-32-07

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД