Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки беш аз 21 нафар омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ буда, ҳадаф аз он гиромидошти мероси бузурги адабӣ ва таърихии халқи тоҷик - «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Иқдоми мазкур таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа, махсусан наврасон ва ҷавононро ба ин асари бебаҳои адабиёти халқи тоҷик бештар гардонида, қадами устуворест дар роҳи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихӣ ва баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии мардум.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ба ифтихори 35-солагии ҷашни муқаддаси Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ҳамаҷонибаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон роҳандозӣ гаштааст.