Бо мақсади таҷлили ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол-2026» ба баланд бардоштани сатҳи касбият, ҳавасмандгардонии табибон ва қадрдонии онҳо дар рушди соҳаи тандурустии кишвар равона гардидаст.
Аз рӯзи оғоз то имрӯз дар озмун:
- 25123 шарҳҳои қадрдонӣ ва сипосгузории сокинон ба табибон нашр шудаанд;
- 1998 табибони маҳаллӣ дар озмун иштирок менамоянд.
Ташкилкунандаи озмун Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷоизаҳои озмуни “Табиби сол-2026”
- Иштирок дар маросими тантанавӣ;
- Дипломи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мукофоти пулӣ ба маблағи 15 000 сомонӣ;
- Наҳорӣ бо ташкилкунандагон ва сарпарастони озмун.
Марҳилаҳои озмун
Аз 7-уми май то 30-юми июл:
- Бақайдгирӣ ва пур намудани анкета дар сомонаи https://samt.tj/main
Ҷамъоварии шарҳҳои беморон бо фикру мулоҳиза нисбати табиб дар сомонаи https://samt.tj/doctors
Аз 30-юми июн то 30-юми июл:
- Пешниҳоди мақолаи тиббии илмӣ-оммавӣ ба почтаи ozmun@fazo.info
- Пешниҳоди дастовардҳои касбии табиб ба почтаи ozmun@fazo.info
- Ҷамъоварии шарҳҳои ҳамкорон ва мутахассисони соҳавӣ ба мақолаи тиббии илмӣ-омавӣ дар Фейсбуки озмун https://www.facebook.com/tandurusti.tj/
Аз 1 то 30-юми август
- Баҳогузории дастовардҳо ва навовариҳои касбии табиб.
- Интихоби ғолибон.
Сентябр: Маросими тантанавии ҷоизасупорӣ
Муфассалтар дар https://samt.tj/main
#ТабибиСол2026 #ВазоратиТандурустӣ #Тоҷикистон #СоҳаиТандурустӣ #ТабибиСол#Moh.tj