arzon replenishment
Озода Аҳатова аз рӯзгори худ қисса кард
574

Озода Аҳатова, сароянда ва ҳунарпешаи тоҷикро хурду калон мешиносанд. Ӯ тавонистааст бо сурудҳои дилнишин ва нақшҳои хуби офаридааш дар театру синамо ба дили ҳазорҳо кас ҷо ёбад. Корашро аз таҳти дил иҷро мекунад, зеро дилбохтаи касбу пешааш мебошад.

Мо бо Озодабону доир ба ҳолати имрӯзаи санъати эстрадӣ, сарояндаҳои хасакиву воқеӣ, сурудҳои нав, нақшофарӣ дар театру синамо ва ғайраҳо суҳбат кардем.

- Суҳбати имрӯзаро бо шумо доир ба душворӣ ё вазнинии касбу коратон оғоз кардан дар нақша набуд, аммо баъди он ки бо фаъолияти шумо шинос шудам, пурсидан мехоҳам, ки дар ҷомеаи мо барои як зан ҳунарманд будан мушкил нест?

- Мушкил аст. Аз як тараф рашки шаҳвар, аз ҷониби дигар гапу овозаҳои беасоси бархеҳо шахсро дилозурда мекунад, вале дар ҳама ҳолат истодагарӣ мекунем ва ба кори дӯстдоштаамон машғулем.

- Шавҳаратон рашки зиёд доранд?

- Шукри Худо, шавҳарам инсони хубанд. Чӣ қадаре, ки суруд хонам, парвое надоранд, аммо касби ҳунарпешагиамро он қадар хуб қабул намекунанд. Яъне, дар кори дуюмам каме рашк мекунанд.

- Шумо ҳам овозхон ва ҳам ҳунарпеша ҳастед. Бигӯед, ки кадом соҳа ба шумо наздиктар аст ва аз ҳисоби кадомаш зиёдтар фоидаи моддӣ меёбед?

- Даромади асосии ман аз ҳисоби сарояндагӣ аст, ки дар маъракаҳои хурсандии мардум хизмат мекунем. Аз ҳунарпешагӣ қариб, ки даромад надорам ва ин пеша бароям шуғл аст. Ман дар саҳна бозӣ намекунам, балки дар он зиндагӣ карда, лаззат мебарам. Аз кори ҳунарпешагӣ ҳаловат бурда, худро ҳаматарафа хуб ҳис мекунам.

- Барои шумо кор дар саҳнаи банаворгирӣ осону фараҳбахш аст ё дар саҳнаи консерт суруд хондан?

- Албатта, дар саҳна суруд хондан осонтар аст. Кор дар филм хеле душвор аст. Ва боз кор душвортар мешавад агар коргардон Муҳиддини Музаффар бошад. Лекин, бояд иқрор шавам, ки ман аз Муҳиддини Музаффар хеле чизро омӯхтаам ва мехоҳам чунин коргардонҳо дар кишвар зиёд бошанд.

- Ба андешаи шумо, аз як сароянда ба мардум чӣ нафъ мерасад?

- Аслан, рисолати эҷодкорон ба мардум фараҳ бахшидан, ба воситаи маҳсули эҷод ба мухлисон маъние додан, маҳкуми бадию талқини хубист. Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир сурудхонӣ як навъи бизнес шудааст. Сурудҳои такрор мехонанд, сурудҳое мехонанд, ки аз ҷиҳати мазмун бисёр нуқс доранд, мантиқу забон риоя намешавад ва ғайраҳо. Яъне, аксари сарояндагон мақсади тӯйгардӣ ва пулкоркуниро доранд.

- Сабаби дер-дер нашр кардани сурудҳоятон дар чист?

- Агар сурудҳои бемаъно ва такрор хоҳам, зуд-зуд нашр мекунам, аммо ман чунин нестам. Барои тавлид ёфтани суруди хуб вақти зиёд лозим аст.

- Суруди “Отажон”-атон, ки то имрӯз зиёда аз 2 миллион маротиба бозбинӣ шудааст, ба ҳаёти шахсиатон ягон рабт дорад?

- Бале, ин суруд ба ман дахл дорад. Азбаски аз 16-солагиам бо сабаби таҳсил аз волидон дур шудаам, онҳоро хеле пазмон мешудам ва суруди мазкур аз дарди дил ва он чизе, ки маро иҳота мекард, тавлид шудааст.

- Доир ба албоми наватон бигӯед, чанд суруд дорад, мазмуни сурудҳо чӣ гунаанд, чанд вақт шуд болои он кор карда истодаед?

- Албоми нав аз 8 суруд иборат аст. Барои мисол, ҳам матн ва ҳам оҳанги яке аз сурудҳо аз худам аст. Мавзӯяшон гуногун буда, мазмунан ҳам хубанд. Умед дорам, ки навигариҳои эҷодии маро мухлисонам хуш қабул мекунанд

- Шумо дар саҳифаи Инстаграматон соли 2023-юмро ҳамчун соли хуб хулоса кардаед, вале дар аввали матлабатон аз баъзе шиносу дӯстонатон шикоят кардаед. Пурратар дар мавриди ноҷуриҳои соли 2023 гуфта метавонед?

- Соли 2023 дар оилаи мо мушкили калон пайдо шуд. Писарам бемор шуд ва ба мо пули зиёд лозим омад. Шукри Худо, ба ҳеҷ куҷо эълон накарда, пули даркориро ёфта, фарзандамро табобат кардему ҳоло дар ду-се моҳ як маротиба барои ташхис меравем. Агарчи ҳоло нисфи қарзамонро барнагардонида бошем ҳам, хушҳолам, ки дар зиндагӣ чунин шахсонеро дорем, ки лаб накушода, мушкилро ҳал мекунанд. Боиси таассуф аст, ки дар чунин ҳолатҳо бархе ба ном дӯстону наздикон худро ба карӣ меандозанд. Ман бо ин суханонам раҳми касеро оварданӣ нестам, балки гуфтан мехоҳам, ки мутаассифона одам буданро фаромӯш карда истодаем.

- Дар соли 2023 дар чор филм нақш офаридаед. Доир ба он филмҳо маълумот дода метавонед?

- Воқеан соли гузашта дар чор филм нақш офаридам, аммо ҳоло танҳо дар бораи дутояш гуфта метавонам, зеро кори дутои дигараш ҳоло ба охир нарасидааст. Якум, “Экран” ном дорад, ки “Суғдсинамо” таҳия кард ва он дар бораи ҳаёти имрӯза, яъне, одамон чӣ гуна ба интернет аз меъёр зиёд дода шуда, ба волидону аҳли оила аҳамият намедиҳанд қисса мекунад. Дуюм, “Ҷанг бадбахтист” ном дошта, аз ҷониби “Тоҷикфилм” наворбардорӣ шуд. Шояд имсол пешкаши бинандагон гардад.

- Дар филмҳо аз рӯи кадом принсипҳо ҳамкорӣ мекунед?

- Ман аз 18-солагӣ муддати даҳ сол дар театр кор кардам. Театру киноро зиёд дӯст медорам ва вақте ки пешниҳод ба дилам наздик намуд, бечуну чаро қабул мекунам. Нақш офаридан мехоҳам, дар саҳнаи театр ва майдони наворбардории филм будан мехоҳам. Ростӣ, ба фоидаи моддиаш он қадар зиёд аҳамият намедиҳам, зеро кори дӯстдоштаамро анҷом додан мехоҳам.

- Оё дар филме нақш офаридаед, ки пас аз он пушаймон шуда бошед?

- То ҳол аз ҳама корҳои синамоиям розӣ ҳастам. Агар чанд нақши бади иҷро кардаамро дар назар дошта бошед, бояд бигӯям, ки вазифаи ман нақшеро ба дигарон нишон додан буду халос. Ростӣ, дар зиндагӣ одами хубу якрӯ ҳастам.

- Дар вақти банаворгирии филмҳо ҳолатҳои ногувор бо шумо рух додааст?

- Боре бемори сахт шуда будам, ки шукр, тез чора ҷустем. Дигар, то имрӯз ҳамааш хуб гузаштааст.

- Дар охир чӣ гуфтанӣ доред?

- Ростӣ, аз имсол хеле умед дорам. Аввалан, тинҷиву оромии оила ва наздиконамро хоҳонам, пасон, амалишавии нақшаҳои эҷодиро. Худо хоҳад, суруду намоҳангҳои нав ба навро таҳия мекунам. Ва дар охир, мехоҳам ҳамеша кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамин гуна ободу зебову шукуфон бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД