sebiston july new
Падар майзадаву писар зиндаятим Қисми 2
1215

Мазҳакаи хунолуд

Дар синфи 9 мехондам, ки байни деҳаҳо бозии футбол барпо гашт. Ман футболбози хуб будаму он рӯз толеам махсусан баландӣ кард. Хеле хуб бозӣ кардам.

Бозии маро хурду калони деҳа тамошо карда «Темур, офарин!… Темур!»- гӯён бо овози баланд нидоҳои хушбахӣ мебароварданд. Дастгирии онҳо маро қуввату мадори тоза мебахшид. Хуллас, ҷойи аввал насибамон гашт. Мукофот 3 ҳазор сомонӣ буду онро ба ман доданд. Шодон ба хона шитофтам, вале дар дами дарвоза бо янгаи морзабонам рӯ ба рӯ шудам. Маро дидан баробар ба дашномдиҳӣ сар кард. Оташи ғазабам боло гирифту «эй каждуми нешдор, мемонӣ, ки як рӯз нони безаҳр хӯрам?! Барои ҳамин морзабониат Худованд ба ту фарзанд намедиҳад»,- гуфта ба хона даромадам ва дарро шараққосзанон пӯшидам. «Ту сағераи ношукр имрӯз калон шуда нони додаамро фаромӯш кардӣ, кӯрнамак?! Илоҳо нону намаки додаам туро занад, ҳайвони тайёрхӯр»,- ситеза кард янгаам, вале ман дигар ба вай аҳамият надода аз паи кору бори худам шудам.

Бегоҳӣ амакам омадан баробар зани шаттоҳаш моҷарои рӯзонаро ба вай қисса карда «Темури ҳайвон маро таъна мезанад, ки фарзанд надорам. Ба ту фарзанд даркор бошад, маро сар деҳ, ҷиянат то кай ба ҳоли ман писханд мезанад»,- гӯён гиряву нола кардааст.

Амакам ба ғазаб омада сӯйи ман давид. Аз ҷой нимхез шуда будам, ки лагадаш ба рӯям расиду ба замин афтидам. Амакам мисли аждар бераҳмона ба ман ҳамла намуда бераҳмона ба сару рӯям мушт мефароварду мегуфт: «Ту сағераи бекас зани маро таъна мезанӣ?! Ту худат кӣ будиву имрӯз кӣ шудӣ?!»

Бибиҷонам ба рӯйи ман худашро партофта «Темурро назан, занат дурӯғ мегӯяд! Ман ҳаминҷо будам, таъназании Темурро нашунидаам. Назан бачаамро»,- гуфта доду фиғон бардошт. Падарам, ки то ин дам бегонавор ин манзараро тамошо мекард, шояд бори аввал ба ҳоли фарзандаш раҳмаш омаду ба амакам дарафтода «чаро асли гапро нафаҳмида ӯро мезанӣ»,- гӯён кӯшиши маро аз чанголи бародараш раҳониданро кард. Амакам «сағераи ту ношукр аст»,- гуфта маро монда падарамро лагадборон намуд. Ду бародар бераҳмона якдигарро мезаданду сару рӯйи ҳамдигарро хуншор менамуданд. Касе халос карда наметавонист. Баногоҳ бибиам гӯрсосзанон ба замин афтид. Аҳволи модарашонро дида ҳарду баробар сӯйи кампир давиданд.

Ҳарчанд кӯшиш намудем, бибиҷонамро ба ҳуш оварда натавонистем. Мошини ҳамсояро киро намуда бибиамро ба духтурхона бурдем. Духтур беморро муоина карда «кампир аз фишори баланд беҳуш шудааст. Интизор мешавем, ки чи гап мешавад. Худованд ба ҳама кор қодир аст»,- гӯён бибиамро ба вазнинхона дароварду ҳар сеи моро аз дар берун кард.

Хиҷолатзада ба якдигар менигаристем. Аз корҳои кардаамон пушаймон будем, вале оби рехтаро дигар бардошта намешуд.

Рондашуда

Амаку янгаам бегоҳи ҳамон рӯз маро аз хона пеш карданд. Рост ба хонаи амаки дигарам, ки дар поёни деҳа иқомат мекард, рафтаму буду шуди воқеаро нақл кардам. Хушбахтона амакам маро хуб қабул кард. Бо писарону набераҳояш ҳам ба зудӣ забон ёфтам.

Пули аз футбол ба даст овардаамро ба амакам додам, то барои доруҳои бибиҷонам сарф кунад, вале кӯшишҳояш натиҷа надоданду пас аз ду рӯз ҷони бибии ситамдидаам баромад.

Дар нолаҳои зори ман дили ҳамсояву ҳамдеҳагон об мешуд, чунки меҳру навозиши модаронаро танҳо аз бибиҷонам дида будаму бо аз олам рафтани ягона пушту паноҳам дар зиндагӣ гӯё болу парам шикаст.

Хуллас, бо нолаю фиғон бибиҷонамро гӯрондему ҳама дар хона сарҷамъ омадем. Амакам, ки то ин вақт бо ман гап намезад, наздам омада маро ба оғӯш гирифту бахшиш пурсид. Янгаам низ бо дилсӯзӣ сарамро сила намуд. Шояд рӯҳи бибиҷонам пас аз маргаш моро бо ҳам оштӣ дод.

Моиндар ҳам модар мешудааст

Маъракаҳои бибиҷонамро гузаронидему ба падарам зан овардем. Падарам чанд рӯз шароб нанӯшида гашт. Хурсанд шудам, ки аз шароб даст мекашад, аммо…. Боз ҳамон аҳмадаки порина, пул меёфту сӯйи шароб медавид падарам.

Моиндарам бисёр зани меҳрубон ва дилсӯз буд. Падарам ба сари ин зани бечора ҳам мушт мебардошту дашномҳои қабеҳаш медод. Амакам онҳоро халос намуда падарамро насиҳат мекард, вале «кӯзапуштро фақат хоки гӯр рост мекунад»,- гуфтагӣ барин ба гӯшаш панд намедаромад.

Зани амакам баъди ин қадар сол ҳомилардор шуд. Аз он зани бадзабон дигар нишоне намонд. Модарвор маро меҳрубонӣ карда дастамро ба оби хунук задан намегузошт.

Падарам як рӯзи сарди зимистон масту аласт ба садама дучор гашта аз ду пойи равонаш маҳрум гашт. Ӯро баъди табобати тӯлонӣ ба хона овардем. Дар аробача мешинаду аз корҳои кардаву аз майзадагиаш пушаймон аст. Моиндарам падари маъюбамро хуб нигоҳубин менамояду меҳрро барояш арзонӣ медорад. Мо як оилаи тинҷу пурбаракат гаштем, вале афсӯс, ки бибиҷонам ин рӯзҳои хушро надида аз олам чашм пӯшид.

Мақсад аз рӯйи чоп овардани сарнавиштам он аст, ки зиндагии пурфоҷиаю дардноки мо ба хонадонҳои дигар дарси ибрат шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД