arzon replenishment
Панҷ: 12 бино зери об монд
322

 

Рӯзи гузашта, 9 ноябри соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳаи «10-солагии Истиқлолияти давлатӣ»-и ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар натиҷаи боришоти шадид сел омадааст.

Ин ҳодиса дар натиҷаи пур шудани сели Овзикент-2 , 6 бинои истикоматӣ ва 74 участкаи наздихавлигӣ зарар расонд.

КҲФ қаблан хабар дода буд, ки рӯзҳои 8-9 ноябри соли 2023 дар ҷумҳурӣ боришоти шадид дар назар дошта шуда, дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари фаромадани сел дар маҳалҳо зиёд мешавад.

Ҳамчунин, дар ин рӯз ба 21 қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва се иншооти ёрирасони сокинони маҳаллӣ дар ҳудуди деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов бар асари омадани сел зарар дидаанд.

Дар натиҷаи боло рафтани сатҳи оби канали деҳаи Отчопари ҷамоати деҳоти Озодагон таҳхонаҳои 12 бинои истиқоматии сокинони маҳаллӣ зери об мондааст.

Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории КҲФ ва Комиссияи изтирории ноҳиявӣ барои муайян кардани хисорот ва расонидани кӯмак сафарбар шудаанд.

Кумитаи Ҳолатҳои Фавқуллода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми захбурҳо, ҷӯйборҳо ва партовҳои селро, ки дар наздикии манзили зисташон ҷойгиранд, тоза кунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД