Панҷакент расман “Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ” эълон шуд. Шаҳодатномаи “Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ”-ро зимни Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» президенти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ Саад-ал-Қаддуми дар вазъияти тантанавӣ ба раиси шаҳри Панҷакент супурдааст.
Шаҳри Панҷакент расман барои сӯзанидӯзӣ шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ эътироф гашт. Сӯзанидӯзӣ дар ин шаҳри бостонӣ аз аҳди қадим, аз нақшҳо дар рӯи сафолу фулузот ва деворнигораҳо ибтидо гирифтааст.
Ҳоло дар Панҷакент беш аз 2500 нафар занон ба дӯхтани сӯзанӣ машғуланд. Забони нақшҳои сӯзанӣ ба ҳама мардуми олам фаҳмо буда, барои имрӯзиён таърихро бозгӯӣ менамоянд.