Commerc banl
Панкейки шоколадӣ
28.02.2026
Oila.tj
34

Маҳсулоти лозима:

200 грамм орд, 300 мл шир, 50 грамм равғани маска, 1 тухм, 80 грамм шакар, 30 грамм какао, 2 қошуқча моддаи ковоккунанда.

Барои глазур:

80 мл қаймоқи 33%, 50 грамм шоколад.

Тарзи таҳия:

Тухмро бо шакар омехта кунед. Равғани гудохта ва ширро илова намуда, хуб лат занед. Ордро бо какао ва моддаи ковоккунанда омехта карда, кам-кам ба хамир ҳамроҳ созед ва то яклухт шуданаш омезед. Дар тоба, бо оташи паст ва зери сарпӯш, бе равған аз ду тараф пазед. Барои глазур, болои шоколад қаймоқи гарм рехта, то яклухт шуданаш омехта кунед. Бо хоҳиши худ оро диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД