Панкейкҳои шоколадӣ
11.10.2025
Oila.tj
90

Маҳсулоти лозима:

200 грамм орд, 300 мл шир, 50 грамм равғани маска, 1 тухм, 80 грамм шакар, 30 грамм какао, 2 қошуқча моддаи ковоккунанда, 80 мл саршири 33%, 50 грамм шоколад.

Тарзи таҳия:

Тухму шакарро лат зада, ба он равғани маскаву шир илова кунед. Орду какао ва моддаи ковоккунандаро то яклухт шуданаш кам-кам илова карда, аз хамири ҳосилшуда дар тобаи беравған якқошуқӣ рехта, дар оташи паст аз ду тараф сурх кунед. Шоколадро об карда, бо саршир лат занеду бо панкейк истеъмол кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД