Arzon march 2024
ПАРЕЧЕҲРАИ ТОҶИК РУСИЯРО ҚОИЛ КАРД!
18.01.2021
Р. Азимӣ
2299


Паричеҳра Камолова, як узви дастаи Тоҷикистон дар мавсими 4-уми Озмуни байналмилалии телевизионии “Во весь голос”, ки санаи 27-уми декабри соли 2020 дар шабакаи “Мир”-и Русия баргузор гардид, дар бахши “Беҳтарин овозхони зан” ғолиб омад.

Дар озмун иштирокчиён аз Озарбойҷон, Исроил, Молдова, Арманистон, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Олмон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат варзида, ғолибон аз рӯйи чор бахш: “Беҳтарин гурӯҳ”, “Беҳтарин гурӯҳи мусиқавӣ”, “Беҳтарин овозхони мард” ва “Беҳтарин овозхони зан” муайян гардиданд. “Ташаккур ба тамошобинону ҳакамон ва аҳли оилаам. Ташаккур ба лоиҳаи “Во весь голос”, ки орзуҳои моро амалӣ мекунад. Ташаккур ба мураббиам Зафар Абдуалимов ва муаллимаам Шарофат Музаффаровна.

Тоҷикистон ба пеш!”,-мегӯяд Паричеҳра. Ба хотири пешгирӣ аз сирояти COVID-19 озмун бори аввал ба таври виртуалӣ ба таври "онлайн" баргузор гардид. Дастаи Тоҷикистонро дар озмун Муҳаммадҷон Раҷабов, Паричеҳра Камолова ва гурӯҳи мусиқавии “Амира” иборат аз Рафиева Сумая, Саидзода Меҳрона ва Адел Ҳофизова ҳамроҳи мураббиашон Зафар Абдуалимов намояндагӣ карданд. Паричеҳра Камолова духтари овозхон Ҳасан Камол буда, бародараш Шерози Камол низ сарояндагӣ мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД