arzon replenishment
Парҳез занро кал мекунад
06.03.2022
Оила
910

Бонувоне, ки ба хотири харобшавӣ аз истеъмоли баъзе хўроквориҳо худдорӣ менамоянд, аз рехтани мўяшон шикоят мекунанд, вале сабаби ин падидаро фаҳмида наметавонанд.
Сабаб дар нигоҳубини нодуруст, вазъи экологӣ, стресс ва ғизои номукаммал аст. Одатан баъди се моҳи парҳези шадид мўйҳо ба рехтан сар мекунанд. То ин дам 30% решаи мўй аллакай осеб меёбад. Баробари камшавии вазн ҷиллову мустаҳкамии мўйҳо низ аз даст меравад. Мўйҳои нав бошанд, хеле дер месабзанду дароз намешаванд. Вақте решаи мўй заиф мегардад, қуввати бардоштани мўйро надорад. Ҳар як тори мўй аз 3 то 7 сол умр мебинад. Пас аз рехтани як тори мўй, аз ҳамон реша тори дигари мўй ба сабзидан сар мекунад. Барои афзоиши он моддаҳои ғизобахш лозиманд.

Витамину сафеда
Мўй асосан аз витамину сафеда ҷон мегирад. Чарб барои зебоии мўйҳо нақш намебозад, вале бе чарб ҳам намешавад, он барои ҳазми витаминҳои меваву сабзавотҳо муҳим аст.
Таъсири бештарро ба ҳолати мўйҳо истеъмол накардани гўшт мерасонад. Одамони ба ҷойи гўшти гов гўшти моҳӣ мехўрда низ мушкилоти мўйҳояшонро ҳал карда наметавонанд. Сафедае, ки дар таркиби гўшти ҳайвонот мавҷуд аст, дар таркиби маҳсулоти баҳрӣ нест. Нафароне, ки бо баъзе сабабҳо гўшт истеъмол намекунанд, бояд аз доруворӣ ва иловаҳои махсуси аз аминокислота иборат буда, истифода баранд.
Парҳези дилхоҳ, ҳатто парҳези сабук ба норасоии тамоми микроэлементҳо сабаб мегардад. Аз ин лиҳоз, нафари парҳез мекарда бояд витаминҳои А,В,Д,Е ва оҳан, синк, йод, мед, селен, сера, кремний, магни, марганес, калийро истеъмол намоянд.

Ғизо барои мўй
Хўрокҳои зерин барои фарбеҳ нашудан ва мустаҳкамии мўйҳо мусоидат мекунанд. Онро мутахассиси бритонии соҳаи мўй Филип Кингсли пешниҳод менамояд. Тағйиротҳо дар хўрок таъсири худро баъди се моҳ мерасонанд.

Субҳона
Меваҳои тару тоза ё яке аз хўрокҳои зерин:
Шавла, нон бо фаллаву панир, тухм ё гўшти мурғ.

Хўроки нисфирўзӣ
Гўшти беравған, моҳӣ,, гўшти мурғ ё фалла
Сабзавот, картошкаи тафдонӣ, хўриш аз маҳсулоти гуногун
Ширинӣ аз мева.

Хўроки шом
Гўшти мурғ ё моҳӣ
Сабзавоти дар равған ё буғ пухташуда, картошкаи дар тафдон ё об пухташуда.
Меваи тару тоза бо йогурт ва асал

Боз чанд тавсияи муҳим:
Бештар об нўшед
Истеъмоли намаку шакарро кам кунед Баъди ҳар чор соат мева ё сабзавот хўред.
Аз чойи сиёҳ худдорӣ намоед.
Машруботро нанўшед.

Сабабҳои дигари рехтани мўй
Ҳормоне вуҷуд дорад, ки дар қисмати болоии пўсти сар ҷамъ мешавад. Он боиси рехтани мўй мегардад. Зиёд будани ин ҳормон модарзодӣ мешавад. Ба ғайр аз ин тағйиротҳои ҳормонӣ, ки бо оғози ҳаёти маҳрамона, ҳомиладорӣ ва қатъшавии давраи ҳайз алоқаманданд, боиси рехтани мўи сар мешавад. Ҳангоми бемории омоси тухмдонҳо, бемории қанд ва иллатҳои эндокринӣ рехтани мўй зиёдтар ба мушоҳида мерасад.
Ифлосшавии муҳими зист, радиатсияи баланд, истеъмоли баъзе дорувориҳо, аз ҷумла антибиотикҳо ва доруҳои ҳормонӣ низ ба мўйҳо бетаъсир намемонад.
Стресс дар ҷойи кор ва дар хона ҳолати мўйҳоро табоҳ месозад. Ба эҳсосот дода нашавед. Бо тамоми қувва стрессро аз худ дур кунед. Стресс на танҳо боиси рехтани мўй, балки сафедшавии он ва пайдошавии чинҳои иловагӣ мегардад. Рехтани мўй аз сифати об, ғизои нодуруст, гардиши номукаммали хун дар пўсти сар, нигоҳубини нодуруст, бемориҳои мўй низ сарчашма мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД