Парвандаи ҷиноятӣ барои барои гирифтани
ду миллион кӯмакпулӣ барои кӯдакон
Дар Русия бар зидди як зодаи Тоҷикистон барои гирифтани зиёда аз ду миллион рубл кӯмакпулӣ барои кӯдакон парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд.
Тибқи иттилоъи расонаҳои русӣ, ҳодиса дар шаҳри Хабаровск рӯй дода, алайҳи як марди 40-солаи зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифтааст, бо иттиҳоми «қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Гуфта мешавад, ки ин мард барои кӯдаконаш, ки дар қаламрави Русия зиндагӣ намекардаанд, аз давлат ҳудуди 2 миллион рубл «кӯмакпулӣ барои кӯдак» гирифтааст. Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки кӯдакон дар ватан будаанд ва ба Русия омаданӣ нестанд, вале бо вуҷуди ин, кӯмакпулиҳо аз соли 2024 мунтазам ба ҳисоби падарашон мегузаштаанд.
Айни замон суратҳисобҳои мард баста шуда, мақомот нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд. Акнун ин зодаи Тоҷикистон бояд пули гирифтаашро ба пуррагӣ ба давлат баргардонад ва илова бар ин, метавонад то 10 сол ба пушти панҷараи зиндон афтад.