goodwell
Патенти муҳоҷиронро бекор мекунанд, агар....
18.11.2026
Оила
61

Патенти муҳоҷиронро бекор мекунанд, агар....
Русия тасмим гирифтааст, ки аз 1-уми январи соли 2027 даромади муҳоҷирони меҳнатиро зери назорати қатъӣ бигирад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумот доир ба ҳаҷми даромад патенти муҳоҷири меҳнатиро бетавонанд бекор кунанд.
 Тавре ки расонаҳои русӣ дар такя ба вазорати умури дохилии Россия навиштаанд:
“Аз 1-уми январи соли 2027 дар сурати набудани маълумот дар бораи ҳаҷми даромади шаҳрванди хориҷӣ дар шакли пардохтҳо ва дигар подошпулиҳо, ки тибқи маълумоти ҳисобу китоби пардохтҳои суғуртавӣ барои се, шаш, нуҳ ва 12 моҳи соли тақвимӣ ҳисоб карда шудаанд, ба шаҳрванди хориҷӣ иҷозаи кор ва патент дода намешавад ва ҳуҷҷатҳои қаблан додашуда бекор карда мешаванд.”
Хадамоти федералии андоз аллакай ба пешниҳод намудани маълумот дар бораи даромади шаҳрвандони хориҷӣ ба вазорати корҳои дохилии Россия шуруъ кардааст. Хазинаи суғуртаи нафақавӣ ва иҷтимоии Русия низ ба ВКД дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ тавассути низомҳои электронии давлатӣ маълумот пешниҳод мекунад. Ҳангоми анҷоми расмиёт маълумотҳо дар бораи шуғли муҳоҷирон ва даромади расмии онҳо муқоиса карда мешаванд. Даромади муҳоҷири меҳнатӣ бояд барои таъмини худи вай  ва аъзоёни оилааш, ки таҳти сарпарастиаш қарор дошта, дар Русия ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанд, басанда бошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД