goodwell
Павел Воля ва Лайсан Утяшева дар Тоҷикистон
60

Лоиҳаи машҳури телевизионии Русия «Выжить в…» («Зинда мондан дар…»), ки ровиёни он ҳаҷвнигору ҳунарманди шинохта Павел Воля ва ҳамсараш, қаҳрамони гимнастикаи бадеӣ Лайсан Утяшева мебошанд, ин навбат дар Тоҷикистон сабт мешавад. Аз наворҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки ин ду ситораи  машҳури телевизиони Русия ба Душанбе омада дар пояи Маҷмааи Истиқлол бо сокинони Душанбе аксу навор гирифтаанд.

Ин лоиҳаи байналмилалӣ бо номи «Выжить в Таджикистане» рӯйи кор омада, қарор аст табиати нотакрор, мероси таърихию фарҳангӣ, урфу одат ва имкониятҳои сайёҳии кишвари моро ба миллионҳо бинанда муаррифӣ намояд.

Бино ба маълумоти қаблан эълонкардаи ширкати «Газпром-Медиа Холдинг», оғози наворбардорӣ барои нимаи моҳи сентябр пешбинӣ шуда буд.

Қарор дар бораи баргузории мавсими нави ин лоиҳа дар Тоҷикистон тобистони соли равон гирифта шуд.

Рӯзҳои 30 июн ва 1 июл ҳайати намояндагони ширкати русии «Газпром-Медиа Холдинг» ба Душанбе омада, бо масъулони вазорату идораҳои кишвар мулоқот анҷом доданд.

Аз ҷумла, 30 июн вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо намояндагони ин ширкат мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории фарҳангӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуд.

Вазорати фарҳанг он замон хабар дода буд, ки ҳадафи асосии «Выжить в Таджикистане» муаррифии табиат, мероси фарҳангӣ, имкониятҳои сайёҳӣ ва зерсохтори муосири Тоҷикистон мебошад.

Муовини директори генералии «Газпром-Медиа Холдинг» Борис Ханчалян дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки барои баргузории мавсими нав миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон интихоб сурат гирифта, дар ниҳоят Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ӯ таъкид кард, ки табиати кишвар барои таҳиягарони барнома таассуроти амиқ гузоштааст ва мехоҳанд ин зебоиҳоро ба аудиторияи васеъ нишон диҳанд.

Ба гуфтаи Ханчалян, гурӯҳи эҷодӣ ҳамчунин ният дорад фарҳанг, анъанаҳо ва тарзи зиндагии мардуми Тоҷикистонро муаррифӣ кунад.

Макони дақиқи тамоми наворбардориҳо ҳанӯз расман эълон нашудааст. Аммо таҳиягарони лоиҳа ҳангоми сафари омодагӣ аз чанд минтақаи Тоҷикистон дидан кардаанд.

Константин Обухов, продюсери барнома ва продюсери генералии шабакаи ТВ-3, дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки гурӯҳи эҷодӣ барои интихоби макони наворбардорӣ ҳудуди 400 километр роҳ паймудааст.

Онҳо аз Душанбе, дараи Варзоб, шаҳри Норак ва қалъаи Ҳисор дидан намудаанд.

Ба гуфтаи Обухов, мақсади таҳиягарон пайдо кардани маконе мебошад, ки дар он ҳам табиати зебо ва ҳам шаҳри муосиру барои сайёҳон ҷолиб нишон дода шавад.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки мехоҳанд Душанбе ва минтақаҳои атрофи онро то ҳадди имкон васеъ муаррифӣ намоянд.

«Выжить в…» яке аз лоиҳаҳои фароғатии шабакаи телевизионии ТНТ мебошад, ки аз соли 2023 рӯйи экран меояд.

Мавсими аввал бо номи «Выжить в Дубае» дар Амороти Муттаҳидаи Араб сабт шуд. Баъдан наворбардории барнома дар Самарқанди Ӯзбекистон, дубора дар Дубай ва дар Истанбули Туркия идома ёфт.

Ровиёни барнома Павел Воля ва Лайсан Утяшева мебошанд. Воля аз чеҳраҳои маъруфи ҳаҷв ва телевизиони Русия буда, бо барномаҳои «Comedy Club» ва «Шоу Воли» шуҳрат дорад. Ҳамсараш Лайсан Утяшева собиқ варзишгари гимнастикаи бадеӣ ва ровии телевизион аст. Ҳар ду дар барнома нақши муҳим доранд: Павел Воля бо гурӯҳи ситораҳои ҳунару шоу-бизнес ва Лайсан Утяшева бо гурӯҳи иштирокчиёни одӣ кор мекунанд.

Моҳияти барнома рақобати ду гурӯҳ - ситораҳои шинохта ва одамони одӣ мебошад.

Дар мавсимҳои пешин иштирокчиён барои гузаштан аз озмоишҳои ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва равонӣ рақобат мекарданд. Натиҷаи мусобиқаҳо муайян менамуд, ки кадом гурӯҳ дар меҳмонхонаи боҳашамат зиндагӣ мекунад ва кадом гурӯҳ маҷбур мешавад дар шароити душвори табиӣ рӯз гузаронад. Ғизо, об, ҷойи хоб ва шароити маишӣ низ ба натиҷаи рақобатҳо вобаста буданд. Дар баробари ин, иштирокчиён барои нигоҳ доштани ҷойи худ дар барнома мубориза мебурданд. Дар ҳар марҳила баъзе аз онҳо аз идомаи рақобат маҳрум мешуданд.

Ҷоизаи асосии лоиҳа 10 миллион рубли русӣ мебошад.

БАХТОВАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД