goodwell
Нахустнамоиши филми муштараки «Ҷомӣ ва Навоӣ» дар кинотеатри Ватан
14.10.2026
Oila.tj
99

Дар доираи синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” ҳафтаи равон, рӯзи ҷумъа, 16-уми октябр дар кинотеатри Ватан нахустнамоиши филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон - «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мегардад.

Филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба навор гирифта шудааст.

Филми мазкур дар симои ду чеҳраи барҷастаи адабу сухан Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ саҳифаҳои дурахшони таърихи ду халқи бузург, дӯстии пойдори мардуми тоҷику ӯзбек ва нақши ин ду нобиғаи Шарқро дар рушди адабиёт, фарҳанг ва таҳкими арзишҳои инсондӯстона нишон медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД