Мехоҳед донед, ки кадом хатоҳои беморон ҳангоми супурдани “анализ” ба натиҷаи ташхиси лаборатории хун ва моеъоти бадан таъсири манфӣ мерасонад? Оё пеш аз супурдани хун ва дигар ташхисҳои лабораторӣ қаҳва, об ё шарбат нӯшидан мумкин аст? Доруҳое, ки бемор истеъмол кардааст, ба натиҷаи ташхис таъсир мерасонанд ё не? Ҳангоми пайванди гурда кадом ташхисҳои лабораторӣ гузаронида мешаванд? Барои фаҳмидани он ки ҷигар ва ё дигар узви “донор” ба бемор мувофиқат мекунад ё не, кадом ташхисҳо гузаронида мешаванд? Пайдошавии санги гурдаро чи гуна метавон пешгирӣ кард?
Ба ин ва дигар саволҳои муҳим дар бораи ташхисҳои лабораторӣ, яке аз иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” табиби таҳлилгар Анвар Неъматзода посух медиҳад.
- Бисёриҳо фикр мекунанд, ки дар лаборатория танҳо хун мегиранд ва онро месанҷанд...
- Бале, бисёриҳо фикр мекунанд, ки вазифаи кормандони лаборатория танҳо хун гирифтан ва анҷом додани дигар таҳлилҳост, вале дар асл чунин нест. Кори мо - табибони таҳлилгар хеле пурмасъулият аст, чунки барои фаҳмидани сабаби ҳар як беморӣ пеш аз ҳама таҳлили дурусти хун ва дигар моеъоти бадан зарур мебошад. Бидуни ин ташхисҳо ҳолати воқеъии ҷисми инсон ва сабаби бемориро муайян кардан хеле душвор аст.
- Кадом хатогиҳои беморон ҳангоми супоридани таҳлили хун ё моеъоти бадан ба натиҷаи таҳлил таъсири манфӣ мерасонанд?
- Дар ҳақиқат баъзе амалҳои беморон пеш аз супурдани хун ва дигар анализҳо метавонад ба натиҷаи ташхис таъсири манфӣ расонад, аз ҷумла фаъолияти шадиди ҷисмонӣ пеш аз супурдани хун ва дигар анализҳо, стресс, нӯшидани машрубот як-ду рӯз пеш аз ташхис, риоя накардан ба қоидаи ҷамъоварии пешоб...
- Барои он ки натиҷаи ташхис дуруст барояд, бемор бояд чи кор кунад?
- Барои он ки натиҷаи ташхис дуруст барояд, ҳадди ақал 8-12 соат пеш аз супурдани хун ё пешоб бемор бояд хӯрок нахӯрад, аз ҳамин сабаб ташхисҳои лабораторӣ маъмулан субҳгоҳон анҷом дода мешаванд. Бемор бояд кӯшиш кунад, ки стресс нагирад ва шабона бароҳат хоб равад. Пеш аз супурдани хун бемор бояд ором бошад, чунки асабоният низ метавонад ба натиҷаи ташхис таъсири манфӣ расонад. Агар бемор ягон хел дорӯ истеъмол мекарда бошад, ҳангоми хунгирӣ ҳатман инро бояд ба табибони таҳлилгар бигӯяд.
- Шумо гуфтаниед, ки истеъмоли дору метавонад натиҷаи таҳлилро тағйир диҳад?
- Бале, бисёр доруҳо, махсусан доруҳо ҳормонӣ (гормональный), зидди илтиҳобӣ, антибиотикҳо, баъзе витаминҳо, ҳатто истеъмоли баъзе гиёҳҳои шифобахш метавонад натиҷаро тағйир диҳад, чунки бадан ба таъсири дору вокуниш нишон медиҳад. Аз ин рӯ, хабар додан дар бораи доруҳои истеъмолшаванда ҳатмист, то табибони таҳлилгар тавонанд натиҷаро дуруст шарҳ диҳанд.
- Шумо бо таҳлилҳои клиникӣ, биохимиявӣ, иммунологӣ-генетикӣ ва бактериологӣ кор мекунед. Фарқи ин таҳлилҳо дар чист?
- Ҳангоми таҳлили клиникӣ таркиби ҳуҷайравии хун, пешоб ва дигар моеъҳо санҷиш гузаронида мешавад. Дар таҳлили биохимиявӣ, сатҳи моддаҳо аз ҷумла глюкоза, холестерин, ферментҳои ҷигар, креатинин санҷмида мешавад, зеро онҳо ҳолати узвҳоро инъикос мекунанд. Зимни таҳлили иммунологӣ-генетикӣ бошад, кори системаи масуният, антителаҳо, маркерҳои генетикӣ, барои ошкор кардани бемориҳои аутоиммунӣ, ирсӣ ва инфексионӣ санҷида мешавад. Таҳлили бактериологӣ, муайян кардани микроорганизмҳо, сабабгори сироят, ва ҳассосияти онҳо ба антибиотикҳо мебошад.
- Яке аз самтҳои асосии фаъолияти шумо ташхиси санги гурда бо усули колориметрӣ мебошад. Ин усул чӣ бартариҳо дорад?
- Усули колориметрӣ имкон медиҳад таркиби химиявии санг, ба монанди оксалат, урат, фосфат ва ғайра баъди бо ҷарроҳии махсус гирифтани санг ва бо гузаронидани реаксияи ранг муайян карда шавад. Донистани таркиби санг муҳим аст, зеро табобат ва парҳез вобаста ба намуди сангҳо фарқ мекунад. Ин усули нисбатан оддӣ, арзон ва дақиқ ба шумор меравад.
- Cross Match ва PRA барои беморони пайванди гурда чӣ аҳамият доранд? Ба забони оддӣ шарҳ медиҳед, ки ин ду ташхис барои чӣ гузаронида мешаванд?
- Агар ба забони оддӣ гуем, Cross Match санҷише мебошад, ки тавассути он фаҳмидан мумкин аст, ки оё хуни бемор ба узви донор «мувофиқат» мекунад ё вокунише нишон медиҳад. Дар ҳолати мусбат будан, пайванд хатарнок аст. PRA бошад дараҷаи ҳассосияти системаи масунияти бемор нисбат ба узвҳои бегонаро муайян мекунад. Ҳар қадар PRA баланд бошад, ёфтани донори мувофиқ ҳамон андоза душвортар мегардад. Ин ду ташхис имкон медиҳанд, ки эҳтимоли радшавии узв пешакӣ баҳогузорӣ карда шавад.
- Пеш аз пайванд, яъне трансплантатсияи гурда кадом таҳлилҳои лабораторӣ бояд гузаронида шаванд, то хатари радшавии узви пайвандшуда камтар гардад?
- Пеш аз пайвандсозии гурда муайян кардани чанд омилҳо ва гузаронидани таҳлили гурӯҳи хун ва резус-омил, HLA-типиронӣ, Cross Match ва PRA, санҷиши функсияи ҷигар ва гурда, назорати сироятҳо (гепатит, ВИЧ, ЦМВ ва ғ.), инчунин таҳлили умумии клиникӣ ва биохимиявӣ ҳатмӣ мебошад.
- Технологияҳои лабораторӣ хеле босуръат рушд мекунанд. Оё дастгоҳҳои муосир метавонанд кори мутахассисро пурра иваз намоянд ё нақши табиб дар таҳлил ва шарҳи натиҷаҳо ҳанӯз ҳам ҳалкунанда аст?
- Бале, имрӯз технологияи муосир суръат ва дақиқии таҳлилро хеле баланд бардоштааст, вале дастгоҳ танҳо рақам медиҳад, тафсири он дар заминаи ҳолати бемор, муайян кардани хатоҳои эҳтимолии биологӣ, масалан гемолиз, липемия ва тасмимгирии клиникӣ ҳанӯз ҳам вазифаи табиб аст.
- Ба назари шумо, одамони солим бояд соле як маротиба кадом таҳлилҳои асосиро супоранд, ҳатто агар ягон шикоят надошта бошанд?
- Супоридани таҳлили умумии хун ва пешоб, глюкозаи хун, профили липидӣ (холестерин), ферментҳои ҷигар (АЛТ, АСТ), креатинин ва мочевина (функсияи гурда), инчунин барои калонсолон, ташхиси гормонҳои сипаршакл муҳим аст. Ин таҳлилҳо ҳарчанд дар назари аввал содда менамояд, вале бисёр бемориҳоро дар марҳилаи аввал ошкор кардан имкон дорад.
- Зимни кадом бемориҳо маризон аз супоридани таҳлил, яъне анализ метарсанд ва мавқуф гузоштан чӣ хатар дорад?
- Асосан ҳангоми бемориҳои ҷиддӣ, ба монанди эҳтимоли саратон беморон аз тарси «шунидани хабари бад» таҳлилро ба таъхир мегузоранд. Ин амал хатарнок аст, зеро мавқуф гузоштани ташхис имкони табобати саривақтиро аз байн мебарад, ҳол онки бисёр бемориҳо дар марҳилаи аввал имкони табобат доранд, аммо дар марҳилаи охир табобаташон ҳам барои худим табибон, ҳам барои мариз ва аҳли хонаводааш душвориҳои зиёдеро пеш меорад.
- Натиҷаи хуби таҳлили лабораторӣ то чӣ андоза метавонад инсонро ором ё баръакс нигарон созад?
- Таъсири натиҷаи таҳлили лабараторӣ бечуну чаро ба ҳолати равонии бемор таъсир мерасонад. Аммо натиҷаи таҳлили лабораторӣ бояд боиси фавран аз паси табобат шудан гардад, на даҳшату изтироб. Тибби муосир хеле пеш рафтааст ва ҳангоми оғоз намудани табобати саривақтӣ ва дуруст, дар аксари ҳолатҳо маризон шифо меёбанд.
- Назаратон ба озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” чи гуна аст?
- Назари ман ба озмуни мазкур, табиист, ки мусбӣ аст, зеро чунин озмунҳо меҳнати «беруназсаҳнаи» табибони лабораторияро, ки одатан дар сояи табибони муолиҷакунанда мемонанд, ба ҷомеа муаррифӣ мекунанд.
- Тавсияи шумо ба ҷавононе, ки табиб шудан мехоҳанд?
- Тавсияи ман ба ҷавононе, ки оянда табиб шудан мехоҳанд муҳаббату садоқат ба пешаи интихоб намудаашон аст. Ҳамеша илм биёмӯзед, дониш андӯзед, зеро табиб ба ҳаёти инсон сарукор мегирад.
Мусоҳиб Ф. САТТОРӢ