goodwell
Пешвои миллат дар Ёвон 14 иншоот ва дар Хуросон 5 иншоотро ба истифода доданд
26.08.2026
Oila.tj
58

Имрӯз, 26-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногунро ба истифода доданд.

Ҳамчунин, дар ноҳияи Хуросон 5 иншооти соҳаҳои саноату маориф ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як қатор иншооти нав Пешвои миллат ба раванди корҳои ободонию созандагӣ баҳои баланд дода, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинон дастуру тавсияҳо доданд.

Ба таъкиди роҳбарияти кишвар, бунёд ва ба истифода додани чунин иншоот ба рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳо ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД