sebiston july new
Пиёз гайморитро даво мебахшад?
2752

 

Мегӯянд, ки пиёз ба гайморит даво аст, вале ростӣ, ман ба ин гап чандон бовар надорам. Барои ҳамин ба шумо муроҷиат кардам, то фаҳмам, ки тарбандӣ (КОМПРЕСС) намудан бо пиёз чӣ фоида дорад. Умуман, пиёз ба кадом дардҳо даво аст?

Барои рафъи кадом беморињо манфиатбахш аст?

Мансур, ш. Душанбе.

Посух

Тарбандӣ бо пиёз барои рафъи асорати шамолкашӣ, ҳангоми бронхит, отит, сулфа ва ҳатто систиту гайморит бисёр муфид аст. Ин тарбандиро дар шароити хона мустақилона тайёр кардан мумкин аст. Ба халтачаи аз дока дӯхташуда пиёзи резакардаро андохта дар буғи оби ҷӯшидаистода тавре дошта истодед, ки халтача ба об нарасад. Пас аз ҳалоим шуданаш пиёзро гармогарм (ба дараҷае, ки баданро насӯзонад) ба матои ғафстар печонда, ба ҷои дардманд мебандед. Тарбандиро баъди 15-20 дақиқа кушода партофтан мумкин аст. Ин тарзи муолиҷа ба организми инсон ягон зарра зарар намерасонад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД