arzon replenishment
ПИРАЗАНИ 104-СОЛА МЕХОҲАД РЕКОРД ГУЗОРАД
762


Рӯзномаи «The Guardian» менависад, ки сокини 104-солаи Чикаго (ИМА) Дороти Ҳоффнер бо мақсади ворид шудан ба Китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун куҳансолтарин парашутгар ҷаҳиш анҷом дод.

«Синну сол танҳо як рақам аст», – менависад рӯзнома баъди фуруд омадани Ҳоффнер.

Ҷаҳиш дар якҷоягӣ бо инструктор аз баландии тақрибан 4,1 ҳазор метр сурат гирифт, ки он наздики ҳафт дақиқа давом кард. Рекорди қаблии Гиннессро Линниа Ингегард Ларссони 103-сола аз Шведсия гузошта буд, аммо ҳоло ширкати «Skydive Chicago» талош дорад, ки Ҳоффнер ҳамчун рекордгузори нав эътироф гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД