35 years of independency
ПИРАЗАНИ 71 СОЛАЕ, КИ ТО ҲОЛ ТАКСИ МЕРОНАД
14.11.2026
Оила
160

ПИРАЗАНИ 71 СОЛАЕ, КИ ТО ҲОЛ ТАКСИ МЕРОНАД
Дар кӯчаҳои шаҳри Ваҳдат зани солхӯрдаеро дидан мумкин аст, ки пушти чанбараки мошин нишаста, мусофир мекашонад. Ӯ на аз синну солаш ҳарос дораду на аз душвориҳои роҳ. Момаи Зуҳро 71 сол дорад, аммо то ҳол мошинро моҳирона идора мекунад. Зиндагии ин зани ҷасур пур аз воқеаҳои талху ширин аст. Ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ захмиёнро ба беморхона бурдааст, борҳо бо афроди мусаллаҳ рӯ ба рӯ шудааст ва дар шаш садамаи нақлиётӣ осеб дидааст. Бо вуҷуди ин ҳама, ҳанӯз ҳам аз паси чанбарак дур шудан намехоҳад.
Меҳре, ки аз кӯдакӣ оғоз шуд
Момаи Зуҳро зодаи ноҳияи Темурмалик аст, ки дар гузашта ноҳияи Совет ном дошт. Ӯ дар мактаби рақами 1-и ноҳия таҳсил кардааст. Падараш ронанда ва модараш хонашин буд. Дар оила ду бародар дошт ва аз хурдӣ ба мошину ронандагӣ шавқи зиёд пайдо кард.
- Падарам ронанда буд. Ҳар вақте мошинро таъмир мекард, маро садо мезад, ки калидро биёр, ин ё он қисмро бидеҳ. Ҳамин тавр, меҳри мошин дар дилам пайдо шуд, - нақл мекунад ӯ.
Аммо дар он замон ронандагии занон чандон маъмул набуд. Падару модар ва бародаронаш намехостанд, ки Зуҳро мошин ронад.
- Вақте хурд будам, мошинро пинҳонӣ гирифта мерондам. Падару модарам аз пасам медавиданд, бародаронам ҳатто маро мезаданд, ки дигар ба мошин даст нарасонам. Вале ман боз ҳам мошин мерондам, - бо табассум ба ёд меорад ӯ.
Меҳри ронандагӣ оқибат бар ҳама монеаҳо ғолиб омад.
Аз «ГАЗ-53» то таксии имрӯза
Момаи Зуҳро дар зиндагӣ панҷ-шаш мошин иваз кардааст. Замоне дар шуъбаи таъминот кор карда, мошини боркаши «ГАЗ-53» меронд. Баъдан соҳиби «Волга» шуд.
- «Волга» зуд-зуд вайрон мешуд, худам таъмир мекардам. Мошинҳои ҳозира камтар вайрон мешаванд, вале баъзе қисмҳояшонро дигар худам таъмир карда наметавонам, - мегӯяд ӯ.
Имрӯз ҳам мошини механикӣ меронад ва аз душвории он шикоят надорад.
- Бисёр занҳо мошини автомат меронанд, ки осонтар аст. Мошини механикӣ душвортар, вале ман ба ҳамин одат кардаам, - мегӯяд момаи Зуҳро.
Ӯ замоне дар ноҳияи Совет телефонистка низ будааст. Баъди даргузашти шавҳараш ба шаҳри Ваҳдат кӯчид. Дигар издивоҷ накард ва умрашро ба меҳнату тарбияи фарзанд бахшид. Имрӯз фарзандаш соҳиби шаш фарзанд аст.
Ронандае, ки аз тиру туфанг натарсид
Саҳифаи пурдардтарини зиндагии момаи Зуҳро ба солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон рост меояд.
Он замон ӯ дар колхози ба номи Карим Исмоил ба ҳайси корманди таъминот фаъолият мекард. Бо сар задани ҷанг кори муқаррарӣ қатъ шуд ва ӯ ба мусофиркашонӣ машғул гардид.
Момаи Зуҳро на танҳо мусофирони одӣ, балки захмиён, сӯхтагон ва ҳатто ҷасади қурбониёни ҷангро низ интиқол медод.
- Мурдаҳоро бурдаам, тирхӯрдаҳоро бурдаам, сӯхтаҳоро ба беморхона расондаам. Дар роҳ одамони силоҳбадаст бозмедоштанд, мезаданд, бо шатта мезаданд, вале ман боз ба роҳ мебаромадам, - нақл мекунад ӯ.
Яке аз воқеаҳои он рӯзҳо то ҳол аз хотираш намеравад.
Моҳи Рамазон буд. Тақрибан соати панҷ марде ба наздаш омада, бо изтироб гуфт, ки фарзандаш тир хӯрдааст ва бояд ӯро ҳарчи зудтар ба беморхонаи Қараболо расонанд.
Роҳҳо хатарнок буданд. Ҳар лаҳза метавонистанд ба мошин тир холӣ кунанд. Аммо момаи Зуҳро розӣ шуд.
- Кӯдакро ба Қараболо расондам, фаровардаму баргаштам. Баъд фаҳмидам, ки кӯдак фавтидааст, - бо андӯҳ ба ёд меорад ӯ.
Бори дигар аз Ромит мӯйсафеди тирхӯрдаеро мебурд. Дар наздикии фурудгоҳ афроди мусаллаҳ мошинро боздоштанд, ӯро берун кашида, латукӯб карданд.
Бо вуҷуди таҳдиду таҳқир, момаи Зуҳро кори худро бас накард. Барои ӯ наҷоти ҷони инсон аз тарси марг болотар буд.
Шаш садама ва 50 рӯзи бемористон
Солҳои зиёди ронандагӣ бидуни ҳодисаҳои нохуш нагузаштаанд. Момаи Зуҳро мегӯяд, шаш бор ба садама дучор шудааст, аммо ба қавли худаш, дар ҳамаи онҳо ронандагони дигар гунаҳкор буданд.
Як бор дар назди бозори «Корвон» автобус аз қафо ба мошинаш бархӯрд.
Садамаи дигар дар назди меҳмонхонаи «Душанбе» рух дод. Зарбаи мошини дигар он қадар сахт буд, ки ӯ 50 рӯз дар бемористон бистарӣ монд.
Аммо ин ҳодисаҳо низ натавонистанд меҳри ӯро ба ронандагӣ кам кунанд.
 
«То ҷон дорам, меҳнат мекунам!»
Момаи Зуҳро бо мошини худ ба гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар кардааст. Аз Мастчоҳи Кӯҳӣ то Зафарободу Хуҷанд рафта, роҳҳои зиёди кишварро тай намудааст.
Ҳоло ҳар саҳар ба мусофиркашонӣ мебарояд. Бештар дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат таксӣ меронад ва гоҳе то Душанбе мусофир мебарад.
Ба гуфтааш, ронандагони дигар ва кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ӯро мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Набераҳояш хоҳиш доранд, ки дигар кор накунад ва дар хона истироҳат намояд. Аммо ӯ чунин зиндагиро қабул кардан намехоҳад.
- Набераҳоям мегӯянд, ки дигар кор накун. Вале ман мехоҳам худам кор кунам, меҳнат кунам. Тамоми умрам меҳнат кардам, хизмати халқу Ватанро кардам, - мегӯяд ӯ.
Момаи Зуҳро аз он занонест, ки синну сол барояшон танҳо рақам аст. Роҳи зиндагии ӯ ҳамвор набуд. Ҷанг, марги шавҳар, садамаҳо ва мушкилоти рӯзгорро паси сар кард, вале иродаашро нашикаст.
Имрӯз, дар 71-солагӣ, вақте бисёриҳо зиндагии орому осударо интихоб мекунанд, ӯ ҳанӯз аз субҳи барвақт пушти чанбарак менишинад.
Шояд барои мусофироне, ки ба мошинаш савор мешаванд, ӯ танҳо як ронандаи солхӯрда бошад. Аммо дар паси ин чеҳраи нуронӣ саргузашти зане нуҳуфтааст, ки дар душвортарин рӯзҳои таърихи кишвар аз роҳ нагашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД