formula
Пироги шоколадӣ бо мандарин
17.04.2024
Оила.ТҶ
362

 

Маҳсулоти лозима:

70 г равғани маска, 1 тухм, 100 г шакар, 250 г орд, 1 қошуқча моддаи ковоккунанда. Барои дохили пирог: 700 г мандарин, 100 г шакар, 40 г орд.

Тарзия таҳия:

Мандаринро пӯст карда, хурд реза кунед ва бо шакару орд омезиш диҳед. Дар зарфи дигар орду моддаи ковоккунанда, шакар ва каме намакро омехта намоед. Равғани маскаро илова карда, хамирро боз камтари дигар бо даст молиш диҳед. Пас аз ин тухм андохта, боз хамирро молиш медиҳед.

Ними хамирро дар қолаб баробар тунук карда, ба рӯяш мандарини резаи шакардорро гузоред ва аз болояш хамири боқимондаро тунук кунед.

Пирогро дар тафдони ҳарораташ 180 дараҷа муддати 45 дақиқа пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД